Дар Тоҷикистон беш аз 2,2 миллион тонна «тиллои сиёҳ» истихроҷ гардидааст

Январь 28, 2021 11:08

ДУШАНБЕ, 28.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 дар Тоҷикистон 2 миллиону 29 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардид, ки нисбат ба соли 2019  1,3 ҳазор тонна зиёд мебошад.  Аз миқдори умумии ангишти истихроҷгардида 1196,8 ҳазор тонна ё 59 фоизро корхонаҳои давлатӣ ва 832,3 ҳазор тонна ё 41 фоизро корхонаҳои хусусӣ истихроҷ намудаанд.

Сардори раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷон Саидраҳмонзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки  соли гузашта аз 9 корхонаи амалкунандаи соҳаи саноати ангишт 8 корхона дар 7 кон фаъолият намуда, 1 корхона бо сабаби ба охир расидани муҳлати амали иҷозатномааш фаъолият накард. Мавсуф афзуд, ки мутобиқи ҳисоботи пешниҳодшуда, захираи ангишт дар анбори корхонаҳои соҳа то 1 январи соли 2021 беш аз 437,6 ҳазор тоннаро ташкил менамояд.

Соли сипаригардида корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт дар маҷмӯъ 2046,3 ҳазор тонна ангишт фурӯхтаанд. Аз ҷумла, 526,4 ҳазор тонна ба аҳолӣ,  1482,1 ҳазор тонна ба корхонаҳои саноатӣ-энергетикӣ ва 35,1 ҳазор тонна ба муассисаҳои буҷетӣ. Аз ҳаҷми ангишти ба корхонаҳо фурӯхташуда 1145,5 ҳазор тонна ба Маркази барқу гармидиҳии -2 шаҳри Душанбе интиқол дода шудааст. Ба дигар корхонаҳои саноатӣ  336,6 ҳазор тонна ангишт интиқол ёфтааст.

Ҳамзамон бо мақсади тақвияти фаъолияти истеҳсолӣ дар маҷмӯъ 25 адад техникаҳои карйерӣ ва таҷҳизоти нави шахтавӣ ба маблағи 14517,9 ҳазор сомонӣ аз ҷониби корхонаҳои соҳаи саноати ангишт ворид карда шудаанд. Аз ҷумла, аз тарафи КФ Шахтаи «Фон-Яғноб»-18 адад ба маблағи 3,2 миллион сомонӣ, ҶСК «Ангишт»- 2 адад ба маблағи 57,4 ҳазор сомонӣ, ҶСК «Ангишти Камароб»-1 адад ба маблағи 230,2 ҳазор сомонӣ ва Департаменти истироҷи ангишти ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик»-1 адад ба маблағи 11 миллион сомонӣ. Инчунин соли гузашта барои пешбурди корҳои истеҳсолӣ 782 адад техника ва таҷҳизот ба кор сафарбар карда шудаанд, ки аз ин 434 адад техникаҳои карерӣ ва 348 адад таҷҳизоти шахтавӣ мебошанд.

Корманди масъули Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ афзуд, ки дар ин давра дар соҳаи саноати ангишт беш аз 1700 нафар коргарону мутахассисон фаъолият намуда, музди миёнаи меҳнати коргарон 1959 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон соли 2020 дар ҳаҷми 7,8 миллион метри мукааб корҳои қабаткушоӣ  ба анҷом расонида шудаанд ва мутаносибии корҳои қабаткушоӣ нисбат ба истихроҷи ангишт ба ҳисоби миёна ба 4,4 метри мукааб/тонна баробар мебошад. Ин дар ҳолест, ки дар корхонаҳое, ки истихроҷи ангишт ба тарзи зеризаминӣ ба роҳ монда шудааст, ба миқдори 11,0 ҳазор метри тӯлонӣ корҳои нақбканию омодасозӣ иҷро шудаанд.

Сардори Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат мегӯяд, ки барои таъмини муқаррароти «Консепсияи рушди соҳаи ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» лоиҳаи «Барномаи рушди саноати ангишти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ва лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди саноати ангишти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025»   таҳия гарида, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд.

Январь 28, 2021 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЭКО-2026». Дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент Ниммарафони панҷуми кӯҳӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Намоиши байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандии «UPAK EXPO 2026» доир мегардад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон ҳаҷми муайяни маҳсулоти кишоварзӣ захира гардидааст
Афзалияти Тоҷикистон дар соҳаи энергетика дар СММ муаррифӣ гардид
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи якум мераванд
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Оид ба сохтмони корхонаи саноатии коркарди маҳсулоти мазут дар ноҳияи Шуғнон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Бохтар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад
«ПОМИРИНВЕСТ-2026». Байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва соҳибкорон 22 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ширкати «China Gezhouba Group» ба бунёди неругоҳҳои «Айнӣ» ва «Ёвон» дар ҳавзаи дарёи Зарафшон таваҷҷуҳ зоҳир намуд
Арзиши байналмилалии металлургияи миллӣ ва рушди истеҳсоли металлҳои сиёҳ дар Тоҷикистон
25 ИЮЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ. Дар Тоҷикистон ин нақлиёт дар самти боркашонӣ ва интиқоли мусофирон нақши калидӣ дорад