Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футбол миёни духтарон баргузор мегарданд

Январь 27, 2021 14:02

ДУШАНБЕ, 27.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Тоҷикистон мусобиқаҳои интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футбол миёни духтарони то 17 ва то 20-сола баргузор мегарданд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҳолати халал ворид накардани пандемияи COVID-19 марҳилаи аввали Ҷоми Осиё-2022 миёни духтарони то 17-сола аз 18 то 26 сентябр доир мегардад. Миёни бонувони то 20-сола марҳилаи аввали интихобӣ 14-22 август муайян гардидааст.

Конфедератсияи футболи Осиё қаблан Тоҷикистонро макони баргузории яке аз гурӯҳҳои мусобиқаҳои интихобӣ миёни духтарони то 17 ва то 20-сола интихоб карда буд.

Инчунин аз 14 то 25 сентябр мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои мунтахаби бонувон ба нақша гирифта шудааст, ки дар он дастаи футболи бонувони Тоҷикистон ширкат мекунад.

Ғайр аз ин, Конфедератсияи футболи Осиё ба нақша гирифтааст, ки соли равон бори аввал ба таври озмоишӣ Чемпионати Осиё миёни клубҳои бонувон доир намояд. Баргузории мусобиқаи мазкур 1-6 ноябр дар назар буда, иштироки дастаҳо дар он ҳоло муайян нест.

Январь 27, 2021 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад