Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бахшида ба иди касбӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид

Январь 25, 2021 13:42

ДУШАНБЕ, 25.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  ҳамасола дар ҷумҳурӣ   25 январ таҷлил мегардад, маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. 

Тавре котиби матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода ба хабарнигори АМИТ  «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷамъомад  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода  иштирокдоронро  бо иди касбиашон табрик намуда,  собиқадорони соҳа, кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва сохторҳои онро барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои назаррас дар фаъолияти меҳнатӣ бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ намуд. Инчунин дигар кормандони соҳаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони сарисинагии «Аълочии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» ва ифтихорномаю раҳматнома қадршиносӣ гардиданд.

Ширин Амонзода иброз намуд, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадриҷан рушду такомул ёфта, дар заминаи кумитаҳои соҳавии замони Шӯравӣ вазоратҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис ва дар онҳо беҳтарин мутахассисони ҷумҳурӣ барои фаъолият ҷалб гардиданд. Соли 2013 дар заминаи таҷдиди сохтори мақомоти марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъсис дода шуд, ки айни замон дар он баҳри амалӣ гардонидани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин мутахассисон  фаъолият менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар ин ниҳод шахсиятҳои барҷастаи миллат Шукурҷон Зуҳуров, Худойбердӣ Холиқназаров, Рафиқа Мусоева, Маҳмадшо Илолов, Зокирҷон Вазиров (руҳашон шод бод), Маҳмадамин Маҳмадаминов, Абдусаттор Ҷабборов, Қиматгул Рустамова, Юлдош Шокаримов, Бек Қурбонов, Амирхон Сафаров, Дурсултон Шоназирова, Алишер Ёрбобоев, Абдусамад Шеров, Адолат Узоқова, Амонулло Ҳасанов, Маҳмуд Қосимов, Субҳониддин Ашӯров, Баҳриддин Ҷабборов, Сумангул Тағойзода, Эмин Сангинзода, Темур Табаров кор намудаанд, ки таҷрибаи онҳо дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муфид арзёбӣ мегардад.

Зикр гардид, ки   кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки асосан дар вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фаъолият доранд, бобати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ, такмилу рушди низоми қонунгузории соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нақши босазо мегузоранд.

Яке аз зерсохтори Вазорати мазкур- ин Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мебошад, ки  барои таъмин гардидани  аҳолӣ бо ҷойи кор  мусоидат менамояд. Агентӣ   ҳамчунин  ба  бекорон кумакпулӣ  пардохт  намуда, барои дарёфти ҷои кори муносиб ба шаҳрвандон омӯзиши касбу ҳунарҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯро ба роҳ мондааст.  Инчунин сохтори дигари ин вазорат — Хадамоти давлатии назорат дар  соҳаи  меҳнат,  шуғл  ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад. Хадамоти мазкур вазифаҳои  назорату санҷиши  давлатӣ  оид  ба  риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар   бораи меҳнат,  қоидаҳои ҳифзи меҳнат,  стандартҳо ва  меъёрҳои   бехатарии   меҳнат,   гузаронидани ташхиси шароити меҳнат, шуғл, муҳоҷират, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар корхонаҳо,  муассисаҳо ва ташкилот, новобаста аз шакли моликият анҷом медиҳад.

Иттифоқҳои касаба бо мақомоти идоракунии давлатӣ назорати иҷрои чорабиниҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқҳои иҷтимоии аъзои иттифоқи касаба, муайян намудани меъёрҳои асосии сатҳи зиндагӣ, андозаи ҷубронпулиҳо вобаста ба болоравии нархҳо, муқаррар намудани ҳаҷми маблағи камтарин барои рӯзгузаронӣ ва вобаста ба индекси нархҳо сари вақт таҷдиди назар кардани музди меҳнат, мукофотпулӣ, кумакпулиҳо ва дигар масъалаҳои ба он марбутро ба уҳда доранд.

Январь 25, 2021 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид