Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун оид ба футбол бозиҳои дӯстона анҷом медиҳанд

Январь 15, 2021 11:34

 ДУШАНБЕ, 15.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бо Муғулистон дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи миллии Урдун ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар доданд.

ФФТ ва Ассотсиатсияи футболи Урдун дар бораи баргузории ду бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби ҳар ду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Бозиҳо байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун 1 ва 5 феврал дар Дубай баргузор мешаванд. Дастаи Усмон Тошев омодагиро ба ин бозиҳо охири моҳи январ оғоз мекунад.

Ёдрас мешавем, ки 25 март дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар даври ҳафтуми марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон — 2022 дар гурӯҳи «F» бо дастаи миллии Муғулистон бозӣ мекунад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз меёбад.

Бозиҳои дӯстона

1 феврал

ТОҶИКИСТОН – Урдун

Дубай, АМА

5 феврал

ТОҶИКИСТОН – Урдун

Дубай, АМА

 АКС аз ФФТ

Январь 15, 2021 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд