Дастаи Хуҷанд ғолиби даври вилоятии Спартакиадаи варзишии хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи намуди шоҳмот гардид

Январь 11, 2021 10:41

 ДУШАНБЕ, 11.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар озмоишгоҳи инноватсионии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд даври вилоятии Спартакиадаи варзишии хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи намуди шоҳмот баргузор гардид. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд (дастаи №1) аз худ маҳорати хуб нишон дода,  ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Рақобати ниҳоии озмун хеле шавқовар доир гардида, дар натиҷа дастаи шаҳри Хуҷанд пирӯз шуд. Ба ин тартиб, дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов мақоми дуввум ва дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд (дастаи №2) мақоми сеюмро касб намуданд.

Тавре аз  маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ба ғолибони озмун Ҷом, медалҳои ифтихорӣ ва диплому сипосномаҳо супорида, инчунин дастаҳои шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва ноҳияи Ашт барои нишон додани маҳорати хуб бо Сипосномаи Раёсати маорифи вилояти Суғд  қадршиносӣ карда шуданд.

«Спартакиадаи варзишии хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои таътили зимистонаи Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд баргузор шуда, дар даври вилоятии озмун 23 дастаи беҳтарин иштирок намуданд.

Дар даври вилоятии озмун дастаҳо аз шаҳри Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Конибодом, Истиқлол, Истаравшан, Исфара, Деваштич, Ашт, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон иштирок намуданд”,-афзуд манбаъ.

Январь 11, 2021 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд