Иштироки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи XVII вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё

Январь 21, 2021 16:20

ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи XVII вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) таҳти унвони «Саёҳати нави муқаррарӣ, бехатар ва солим», ки дар видеоконфронс баргузор гардид, ширкат варзид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласа  оид ба самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Муколама табодули афкор сурат гирифт. Бо дарназардошти ҳамагирии коронавируси нав роҳбарони ҳайатҳо ба масъалаҳои таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар чаҳорчӯби МҲО дар заминаҳои иқтисодиву тандурустӣ ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Дар суханронии худ С. Муҳриддин мавқеи кишвари моро дар мавриди самтҳои гуногуни ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Муколамаи ҳамкории Осиё баён кард. Дар ин робита, аҳамияти андешидани тадбирҳои зарурӣ барои вокуниши муносиби муштарак ба чолишҳо ва таҳдидҳои пайдошуда таъкид гардид.

Дар хотимаи нишаст санади поёнии ҷаласаи XVII вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё — Эъломияи Анқара қабул гардид.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

 

Январь 21, 2021 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо роҳбари Маркази энергияи тозаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо губернатори Маномаи Подшоҳии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд