Китобхонаи миллӣ дар соли 2021 баргузории якчанд барномаҳои фарҳангӣ ва байналмилалиро ба нақша гирифтааст

Январь 11, 2021 13:39

ДУШАНБЕ, 11.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2021, ки 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуда, шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) эълон гардидааст, Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузории якчанд барномаҳои фарҳангӣ, адабӣ ва байналмилалиро ба нақша гирифтааст. Аз ҷумла, моҳҳои май, июн ва августи соли равон  вобаста ба китоб конфронсҳои сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ доир гардида, инчунин  аввали моҳи сентябр  таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» барномаи  фарҳангӣ сурат мегирад.

Муовини директори Китобхонаи миллӣ Гадобег Маҳмудов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  иброз намуд, ки соли 2020 шумораи хонандагони китобхона 24 ҳазору 865 нафар афзудааст. Аксари хонандагони нав аъзошуда донишҷӯёни мактабҳои оливу миёнаи пойтахти мамлакат ва навоҳии атроф мебошанд. Аз ин шумора 1351 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,  1300 нафар аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, 1283 нафар аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, 732 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва дигарон мебошанд.

«Моҳҳои ноябр ва декабри соли гузашта пурхонандатарин моҳҳои сол буданд, зеро баъзан хонандагон дар толорҳо ҷойи нишаст намеёфтанд. Масъулини Китобхона дар навбати худ хонандагонро бо шароити мусоид, толорҳои хониши гарм ва хизматрасонии хубу саривақтӣ таъмин намуданд»,-афзуд мавсуф.

Ба гуфти номбурда, назар ба солҳои пеш сафи хонандагон аз ҳисоби  хонандагони мактабҳои миёна меафзояд. Танҳо соли гузашта 6177 нафар аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 1468 нафар аз литсей ва гимназияҳо, 160 нафар аз коллеҷҳо ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд. Дар ин муддат 59 нафар шаҳрвандони хориҷӣ низ узви китобхона шудаанд. Соли гузашта шумораи маъюбон миёни аъзои китобхона 88 нафар афзудааст.

Гадобег Маҳмудов дар тақвияти гуфтаҳояш зикр намуд, ки аввали моҳи майи соли 2020 бо сабаби бемории сироятии Ковид шумораи хонандагони Китобхонаи миллӣ кам гардид. Дар ин рӯзҳо аз ҷониби масъулин 3 ҳазор нусхаи электронӣ китобҳои бадеӣ ва илмӣ дар сомона ҷой дода шуданд. Инчунин тӯли як сол ба фонди китобхона 30 ҳазор китобҳо, ки тозанашр, туҳфаҳои олимону нависандагон буда, бархеи дигарро китобхона харидааст, ворид гардиданд.

Дар мавриди китобҳои тозанашр ва тарҷумашудаи нависандагони ҷаҳонӣ ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо дигар китобхонаҳои ҷаҳон ҳамкории зич дошта,  онҳо кӯшиш доранд, ки китобҳои тозанашри адибони ҷаҳонро бештар дастрас карда, пешниҳоди  хонандагон гардонанд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, «имрӯз роҳбарони бештари китобхонаҳои дурдасти мамлакат ба мо муроҷиат мекунанд, ки дар фонди китобхонаҳои онҳо китобҳои тозанашр ва тарҷумашуда кам мебошанд. Аз ин рӯ мо онҳоро бо шакли электронии китобҳо таъмин менамоем. Дар фонди Китобхонаи миллӣ китобҳои нашршудаи адибони рус ва дар даврони соҳибистиқлолӣ тарҷумашуда пурра мавҷуданд. Имсол кӯшиш мекунем, ки иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро бо тамоми китобҳои дар Низомнома дарҷгардида таъмин намоем».

-Китоб дар ҳама давру замон барои пешрафту рушди шахсият ва ҷамъият василаи асосию беҳтарин ба ҳисоб меравад. Зеро он  хазинаест, ки барои боз кардани дарҳояш донистани рамзҳои калидӣ шарт нест. Ворид шудан ба ин ганҷинаи донишу адаб танҳо насиби касе мегардад, ки ҳиммати баланду таҳаммули беинтиҳо дошта бошад. Китоб дар тарбияи маънавию ахлоқии одомон, хусусан ҷавонон ва умуман дар такмил ва рушди маънавии ҷомеа нақши созгору созанда дорад. Китоб ғизои маънавӣ ва оромибахши рўҳу равони инсон аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Ганҷ магир, китоб гир»,- изҳор дошт Гадобег Маҳмудов.

Январь 11, 2021 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ду озмоишгоҳи Институти химияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо технологияи муосир муҷаҳҳаз карда шуд
Дар Австрия барои шаҳрвандони Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида мешавад
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия идома доранд
Ёдгориҳои ёфтшуда аз шаҳристони Ҳулбук арзиши баланди илмӣ дошта, дар байни таҳқиқоти солҳои охир беназир маҳсуб мешаванд
«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бояд машъалафрӯзи ҳар хонадони тоҷик бошад ва анъанаи неки шоҳномасароӣ барқарор шавад
Вобаста ба таъсири зеҳни сунъӣ ба ҳастии инсоният конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«ШОҲНОМА — ОРМОНИ МИЛЛӢ». Он мактаби худшиносӣ ва парчами ифтихори миллии мо аст
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Маркази пажӯҳишӣ ва машваратии TRENDS густариш меёбад
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо аз Чин бо яке аз маконҳои таърихии Тоҷикистон шинос шуданд
Қобилҷон Хушвахтзода: «Ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба масоили об дар ҳалли масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обии сайёра нақши муҳим доранд»
Намоиши ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо ёрдамчии Дабири кулли ЮНЕСКО Лидия Артур Брито мулоқот намуд