Модарон аз ноҳияи Хуросон ба дидани муҳофизони Ватан рафтанд

Январь 20, 2021 11:10

ДУШАНБЕ, 20.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи занон — модарон аз ноҳияи Хуросон ҳамроҳи фаъолзанҳо 19 январ ба дидани афсарон ва сарбозони қисми низомии неруҳои хушкигард, воқеъ дар ҷамоати Фахрободи ноҳияи Хуросон рафтанд.

Дар ин чорабинӣ намояндагони комиссариати ҳарбӣ, шуъбаҳои кор оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Хуросон, модарон ва даъватшавандагон ширкат варзиданд.

Модарон бо шароити хидмати ҳарбӣ ва иқомати сарбозон дар ин қисми ҳарбӣ шинос шуданд.

Зимни суҳбат зикр карда шуд, ки хидмати ҳарбӣ — қарзи шаҳрвандии ҳар шаҳрванди ватандӯсти кишвар мебошад.

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда ба беҳтар намудани шароити хидмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ диққати махсус медиҳанд.

Ба хизматчиёни ҳарбӣ зиёфати идона ва барномаи консертии аз ҷониби раёсати фарҳанги ноҳияи Хуросон омодашуда пешниҳод карда шуд.

АКС аз бойгонӣ

Январь 20, 2021 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид