Муъминобод: Соҳибкори маҳаллӣ Шодиҷон Раҷабов соҳиби ҷоизаи озмуни «Ободгари Ватан» гардид

Январь 21, 2021 14:03

ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре пештар иттилоъ додем,  дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода маросими тақдими ҷоизаҳои раиси вилояти Хатлон- «Ободгари Ватан»  баргузор шуд. Кумитаи тадорукоти озмуни вилоятии «Ободгари Ватан» дар семоҳаи чоруми соли 2020 соҳибкори маҳаллӣ Шодиҷон Раҷабовро барои бунёди маркази саломатӣ дар деҳаи Деҳбаланди ноҳияи Муъминобод бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Ҷоизаи «Ободгари Ватан» сарфароз гардонид. 

Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Озмуни мазкур бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ҳар семоҳа ба соҳибкорон ва шахсони саховатпешае, ки дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми назаррас мегузоранд, тақдим мегардад.

Январь 21, 2021 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад