Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дуюмин набарди худро дар бокси касбӣ доир намуд
ДУШАНБЕ, 07.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дуюмин набарди худро дар бокси касбӣ доир намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТВ «Варзиш» хабар медиҳад, чемпиони Осиё Баҳодур Усмонов дар «Лига Ставок. Ҷоми Матч! Боетс» бо рақиби худ Эмир Басиров қувваозмоӣ намуд. Рақобат барои ҳар ду варзишгар хеле мушкил паси сар гардид. Набарди муштзанҳо 4 раунд идома карда, Усмонов тавонист бо гирифтани шумораи зиёди имтиёз ғалаба кунад.
Ёдовар мешавем, ки Баҳодур Усмонов дар дидори аввали худ варзишгари рус Вилдан Минасовро ноком карда буд.
АКС аз ТВ «Варзиш»








БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






