«Олимони тоҷик бояд дар рушди ҷумҳурӣ бо роҳи пайвастани илм бо истеҳсолот саҳм гузоранд»,-бардошт аз конференсия дар АМИТ
ДУШАНБЕ, 28.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз масоили асосӣ дар Паёми имсола истиқлоли озуқаворӣ аст. Мо бояд барои коркард ва истеҳсоли захираҳои табиии Ватанамон кӯшиш намуда, ворид намудани маводи озуқаро мисли гӯшти паранда аз хориҷи давлат кам кунем. Олимони мо бояд дар рушди кишвар бо роҳи пайвастани илм бо истеҳсолот саҳм гузоранд.
Ин матлабро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академики АМИТ Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни баргузории конференсияи илмӣ-амалӣ, ки имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-барномаи дурнамои рушди кишвар»- баргузор шуд, баён намуд.
Тавре аз Академияи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш кормандони муассисаҳои илмӣ, масъулини ташкилоту вазоратҳо ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Конференсияро Раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, нақши Паёми Президенти мамлакатро дар таъмини пешрафти ҳамаҷонибаи давлатамон чун барномаи дурнамои рушд баррасӣ кард.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академики АМИТ Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷиҳати баррасии нуктаҳои асосии Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуда, зикр кард, ки «дар Паём роҳҳои таъмини рушди ҳамаҷонибаи кишвар, бахусус нақши илми муосир дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба ҳайси Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкоро мегӯям, ки чопи мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳои хориҷӣ мояи хурсандист, аммо олимони ҷомеашинос низ ҷиҳати таҳқиқи илмҳои гуманитарӣ ба хориҷ аз Ватан бояд муроҷиат кунанд. Эҳёи соҳаи кишоварзӣ ва бинобар пешомадҳои вазнин дар соли 2021 олимони моро вазифадор мекунад, ки роҳҳои қиёсии истеҳсоли барқро дар мамлакат ҷустуҷӯ намуда, барои рушди соҳаҳои мухталиф мусоидат намоянд».
Дар конфронс дар мавзӯи «30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ: дастовардҳо ва пайомадҳо» доктори илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Қурбон Восеъ сухан карда, Паёми Президенти кишварро пояи асосии дастовардҳо номид.
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Мурод Шукурзода дар мавзӯи «Паём — нусратбахши фардои нек» маърӯза намуд,
Номзади илмҳои таърих Абдулло Ғафуров зимни суханронии хеш дар мавриди арзишҳои миллӣ ва нақши онҳо дар Паёми Сарвари давлат иктифо намуда, таҳияи давлати миллиро асоситарин мақсад донист.
Доктори илмҳои ҳуқуқ Эмомалӣ Бӯризода зимни маърӯза, ки ба Паёми Сарвари давлат иртибот дошт, онро барномаи сиёсии ҷомеаи муосири тоҷикон муаррифӣ намуд.
Зикр шуд, ки дар Паёми навбатӣ соли 2020 чун соли душвортарин баррасӣ шуд. Гузашта аз ин, коршиносони сатҳи байналмилалӣ аз боз ҳам вазнинтар омадани соли 2021 изҳори ақида карда, ҳатто гуруснагиро пешбинӣ менамоянд. Бинобар ин, Президенти мамлакат дар мавриди омодагӣ ба чунин авзои иқтисодӣ барои фаъолияти соҳибкории дохилӣ аз шаҳрвандон даъват намуд, ки дар истифода аз замин ва захираҳои табиӣ ботадбир бошанд.
Аз ин рӯ рушди иқтисодиро ҳар сол ақаллан 7-8 фоиз баланд бояд бардошт. Рақамигардонии иқтисод ва таҳияи ҳукумати электронӣ низ тақозои замон аст ва мо бояд ҳамқадами замони хеш бошем.
Воридсозии технологияҳои нав бо маром идома меёбад, агарчи дар шаклҳои гуногун паҳншавии бемории нав бо номи COVID-19 давлатҳоро водор кардааст, ки марзҳои хешро ба рӯйи ҳама банданд.
Наздики ду соли ахир воридоти гӯшт (махсусан, гӯшти парранда) аз хориҷи кишвар аз байн меравад. Соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ то андозае пешрафт кардаанд ва ба ворид намудани ин маҳсулот аз хориҷи кишвар зарурат нест, чунки қаблан бо ворид шудани гӯшти мурғ маблағҳои гӯшношуниде ба хориҷи мамлакат интиқол меёфт.
Истифода ва коркарди захираҳои табиӣ имкон медиҳад, ки ҳамаи мушкилиҳои пайдошуда паси сар карда шаванд. Тақвият бахшидани деҳқонӣ бо дарназардошти чандҳосилӣ сатҳи молиявии аҳолиро боло мебарад.
Гуфта шуд, ки аз ҳама асосӣ, барои ҷилавгирӣ намудани камбудиҳо дар озуқаворӣ ва болоравии нархи маҳсулот дар соли 2021 кишоварзон аз пардохти яксолаи андози замин озод карда мешаванд.










Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад






