«Равшан» ва «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО бо ҳам бозӣ намекунанд
ДУШАНБЕ, 24.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё таркиби сабадҳоро барои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 муайян кард.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, имсол шумораи иштирокчиёни Ҷоми КФО дар минтақаи марказӣ зиёд гардид. Ҳоло дар ин минтақа ба ҷуз аз намояндагони Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон як клуб аз Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Ҳафт дастаи Осиёи Марказӣ дар Ҷоми КФО-2021 рақобатро аз марҳилаи гурӯҳӣ оғоз мекунанд. Мувофиқи натиҷаҳои қуръакашӣ, ки 27 январ баргузор мешавад, як гурӯҳ аз чор даста ва як гурӯҳи дигар иборат се даста ташкил карда мешавад. Ғолибони гурӯҳҳо дар финали минтақавӣ бозӣ мекунанд.
Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2020 “Равшан»-и Кӯлоб ҳангоми қуръакашии Ҷоми КФО-2021 дар сабади аввал буда, бешубҳа, дар марҳилаи гурӯҳӣ бо намояндаи Ӯзбекистон бозӣ намекунад. Барандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон дар мавсими гузашта- «Хуҷанд» дар сабади сеюм ҳамроҳ бо «Аҳал»-и Туркманистон аст ва дар марҳилаи гурӯҳӣ рақибони “Хуҷанд” “Алтин Асир”-и Туркманистон, намояндаи Ӯзбекистон ва “Дордой” ё “Олой” аз Қирғизистон хоҳанд буд.
Дар минтақаи марказӣ тибқи муқаррароти Ҷоми КФО, ду намояндаи як кишвар наметавонанд дар як гурӯҳ бошанд. Агар “AГMK” ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2021 дохил шавад, барандаи медали нуқраи чемпионати Ӯзбекистон “Насафи” Қаршӣ дар Ҷоми КФО-2021 рақобат хоҳад кард.
Ҳайати сабадҳо барои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар минтақаи марказӣ:
Сабади 1: “АГМК” (ё “Насафи” Ӯзбекистон), “РАВШАН” (ТОҶИКИСТОН).
Сабади 2: “Олтин Асир” (Туркманистон), “Дордой” (Қирғизистон).
Сабади 3: “ХУҶАНД” (ТОҶИКИСТОН), “Аҳал” (Туркманистон).
Сабади 4: “Алай” (Қирғизистон).
АКС аз ФФТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад






