Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд машқҳои таълимӣ гузаронид

Январь 22, 2021 10:03

ДУШАНБЕ, 22.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 январ бо дастури роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки ҳайати шахсии шуъбаву хадамот ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии вилоят дар майдончаи сафороии қисми ҳарбии  Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд машқҳои таълимӣ-дастурӣ гузаронида шуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Намоиши машқҳои таълимӣ бо иштироки гурӯҳҳои зудамали дастгоҳи марказии Раёсат, қисми ҳарбии  РҚД ВКД, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Хадамоти давлатии «Муҳофиза», шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Б.Ғафуров, масъулини шуъбаи тиббии Раёсат ва курсантони факултети №4 Академияи ВКД доир гардид.
Баъди тамринҳои якҳафтаина дар ҳузури роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилоят омодагии ҳайати шахсӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ натиҷагирӣ карда шуд.

Саҳнаҳои шартӣ ташкил карда шуда, фаъолияти қувваю воситаҳои мақомоти милитсия дар чунин вазъият баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи ҳаёту саломатии шаҳрвандон, ҳифзи моликияти ҷамъиятиву давлатӣ дар саҳнаҳои шартӣ намоиш дода шуд.
Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов аз натиҷаи машқи таълимӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Масъулини шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати мазкур, ки намоиш аз рӯи нақшаи онҳо гузаронида шуд, вазифадор гардиданд, ки минбаъд низ чунин машқҳои таълимӣ ташкил кунанд. Зеро ҳайати шахсӣ таҷрибаи амалӣ андӯхта, ҳарчи бештар омода мешавад.

Дар робита ба ин муовини якуми сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Рустам Шафизода баргузории машқи таълимиро барои натиҷагирию баҳодиҳӣ, назорату дастурдиҳӣ ва такмили маҳорату малакаи масъулини самти хизмат муфид арзёбӣ намуд.

Дар қисмати ҷамъбастии машқҳои тактикӣ барои иштироки фаъолона, қобилияти фарқкунанда дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва нишон додани масъулияти баланди касбӣ 70 нафар иштирокчиёни фаъоли машқи таълимӣ бо туҳфа, Сипоснома ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Январь 22, 2021 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд