ШИРРӮҒАН-ТАОМИ ҶАШНИ САДА. Барои омода намудани он занон аз фасли тирамоҳ равған захира мекарданд

Январь 23, 2021 10:04

ДУШАНБЕ, 23.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи тадқиқоти илмӣ, иди Сада таърихи аз 3 то 5- ҳазорсоларо доро мебошад. Ба ақидаи олимони соҳа, яке аз таомҳои асосии ҷашни Сада ширрӯған мебошад. Аз фасли тирамоҳ занон барои омода кардани таоми маросимӣ дар ин ҷашн ба даруни «рӯғанчима»- кӯза барои нигоҳдории рӯған равғани зард гузошта, болояшро бо хамир рӯпӯш мекарданд ва аз болои хамир боз як маротиба бо лой андова намуда, таги замин мехобонданд. Ин кӯзаҳоро занҳо то таҷлили ҷашни мазкур нигоҳ медоштанд.  Ҳангоми фарорасии ҷашни Сада занон нони чаппотӣ, ки ҳамеша  «нони маросимӣ» ҳисобида мешуд, мепухтанд. Мардон дар масҷид сарҷаъм шуда, дар табақи аз сафол ё чӯб омодашуда нон реза карда, дар болои он равғани зард монда, сипас шири гарм мерехтанд, ки онро ширрӯған мегуфтанд. Ҳамин гуна таомро се рӯз паи ҳам тайёр мекарданд. Аз ин рӯ ширрӯғанро таоми махсуси ҷашни Сада меноманд. Ин матлабро мардумшиносон, кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ Зинатмо Юсуфбекова ва Мумина Шовалиева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуданд.

Ба гуфти ҳамсуҳбатони мо, ширрӯған як навъ хӯроки миллист, ки онро дар дег ҷӯшонида, баъд мувофиқи табъ ба он равғани маска ё зард андохта, нон реза карда мехӯранд. Ширрӯғанро баъзан ҳамчун хӯроки парҳезӣ низ истифода мебаранд. Дар ноҳияҳои болооби Зарафшон ин таомро дар тӯйи арӯсӣ омода карда, дар таги чодар аввал арӯсу домод, баъд ҳозирин ба ҷои шарбат мечашанд.

Мувофиқи гуфтаҳои  мардумшинос М.Раҳимов, «солҳои пеш дар рӯзи фарорасии  Ҳут ба масҷид  аз ҳар хонавода 50-100 донагӣ нони  «чаппотӣ», ки ҳамеша  «нони маросимӣ» ҳисобида мешуд, меоварданд. Дигарон шир,  ҷурғот, намак ва инчунин зарфҳои гуногун, аз қабили дег, коса, пиёла ва дигар ашё меоварданд. Дар масҷид таоми ширрӯған омода менамуданд. Инчунин дар ҳар хонадон яктаомӣ омода карда, ба масҷид меоварданд. Одатан дар масҷидҳо хӯроки зиёде ҷамъ мешудааст, ки онро ба оилаҳо тақсим мекардаанд. Занҳо умуман ба масҷид намерафтанд ва дар омода кардан ва тақсими таомҳои идона мардони калонсол иштирок карда, пас аз он ба хонаҳояшон мерафтанд. Занҳо ин ҷашнро дар хонаҳояшон пешвоз мегирифтанд. Се рӯзи ҷашнгирии иди Ҳут гулхан меафрӯхтанд (аз алови ҳамарӯза зиёдтар)  ва дар атрофи он барои ҷӯшонидани чой чойҷӯшҳои калони мисин ва чӯянӣ мегузоштанд. Пас аз он хурсандию сурудхонӣ карда,  асбоби мусиқӣ менавохтанд, рақсу шӯхиҳо,  масхарабозиҳо, рақсҳои ҳазломезона, саҳнаҳои алоҳидатасвир, пантомима-тамошои театрие, ки иштирокчиён дар он суханонашонро бо ишора баён мекарданд, иҷро карда, бахшида ба иди Ҳут суруди якҷоя месароиданд».

Калимаи Сада аз забони мардуми ориёӣ гирифта шуда, оташро ифода менамояд. Дар таърих аввалин подшоҳе, ки иди Садаро ҷашн гирифтааст, Ҳушанг мебошад. Ба ақидаи ориёиҳои қадим, сармо ба авҷи баланди худ мерасид.  Аз ин рӯ, барои он ки ба кишту кори онҳо зараре нарасад ва чорвоҳояшон аз сардӣ эмин нигаҳдорӣ шаванд, оташро ҳамчун рамзи Ҳурмузд меафрӯхтанд, то дар он қувваҳои бадӣ сӯзанду нобуд гарданд. Инчунин вақте аз зимистони бузург сад рӯз мегузашт, мардум ҷашни оташ, яъне Сада барпо менамуданд. Онҳо бовар доштанд, ки лаҳзаҳои сармои ҷонкоҳ гузаштаасту нармию гармӣ вориди рӯзгори мардум шудааст. Аз гузаштани сармои шадид, ки неруи аҳриманӣ аст, хушҳолӣ карда, аз дашту саҳро ҳезум, бутта, хошок ҷамъ оварда, хирмани бузург месохтанд. Баробари расидани торикӣ он хирмани ҳезуму хасу хошокро оташ мезаданд, ки аз ин оташ ҳама ҷо фурӯзон мегашт ва дар гирди он рақсу бозию хушҳолӣ менамуданд. Дар он рӯзгорони қадим ниёгони ориёиҳо бар он бовар буданд, ки ин гулхан ҳамчун неруи Ҳурмузд бозмондаҳои сарморо, ки марбути Аҳриман буд, сӯхта нест мекунад.

Сада ба монанди идҳои Наврӯз ва Меҳргон мутобиқи сарчашмаҳои хаттӣ, барои зироаткорони Осиёи Марказӣ, махсусан тоҷикон  иди қадимӣ мебошад. Ин ҷашн дар «Авасто» — маҷмӯаи қонунҳои  дини зардуштии ҷомеаи қадими Осиёи Марказӣ-ориёиҳо, дар асарҳои Абурайҳон Берунӣ (973-1048), дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, дар асарҳои муаррихи асри Х Муҳаммад Наршахӣ, дар «Сиёсатнома»-и Низом-ул-Мулк, дар «Наврӯзнома»-и шоир ва файласуф Умари Хайём ва ғайраҳо зикр гардидааст. Мардумшинос Н.А.Кисляков зикр доштааст, ки «Наврӯз, Меҳргон ва Сада идҳои аз ҳама бузургтарини мардуми ориёнажод ҳисобида шуда, ботантана бо расму русуми мураққаб гузаронида мешуданд».

Садаро 100 шабонарӯз то Наврӯз ҷашн мегирифтанд, ки ба 30-31 январ рост меояд. Миёни бархе сокинони кӯҳистонамон маросими Ҳут  нигоҳ дошта шудааст, ки ба 28 феврали солшумории нав рост меояд ва дар худ нишонаҳои Садаи қадимро нигоҳ доштааст.

Ҳамчунин баъд аз баргузории маросими Сада марди деҳқон то омадани Наврӯз олоти меҳнати худро омода менамуд, аз ин рӯ онро ҷашни зироаткорон низ меноманд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Январь 23, 2021 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 қариб 180 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак ситонида шуд
ОГОҲӢ. То 14 феврал дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» се маротиба тағйиру илова ворид карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 44 маркази таҳлилӣ ва пажӯҳишии давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад