Сокинони Турсунзода ҷашни бузурги Садаро ба ҳамдигар шодбош гуфтанд
ТУРСУНЗОДА, 25.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Кохи «Дӯстӣ»-и шаҳри Турсунзода бо иштироки масъулини ҳукумат, кишоварзон, ҳунармандон, ва доираи васеи сокинон бо шукӯҳу шаҳомат, шодию сурур, гулханфурӯзӣ, рақсу таронаҳо, оростани хони пурнозу неъмат ҷашни суннатии Сада таҷлил гардид. Иштирокчиёни маросим, аз ҷумла кишоварзон аз фарорасии ҷашни бузурги бостонии Сада ҳушҳолӣ намуда, дар ин рӯз ҳамдигарро шодбош гуфтанд.
Тавре котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар намоишгоҳи ҷашни Сада дастовардҳои сокинони шаҳр дар даврони соҳибистиқлолӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, гӯшаеро боғдорону хоҷагидорони шаҳр бо номгӯи зиёди ниҳоли дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз, мевадиҳанда, гулу буттаҳои гуногун, тухмии зироат ба сокинони шаҳр пешниҳод намуда буданд. Ба намоиш гузоштану пешниҳоди сокинон намудани маҳсулоти фаровон дар таҷлили ин ҷашни ниёгон далели рушди соҳаи кишварзӣ дар шаҳри Турсунзода мебошад.
Дар маросими бошукӯҳ зикр гардид, ки Сада – ин мавсими омодагӣ ба кишту кори баҳорист. Ҳангоми фаро расидани ин ҷашни бостонӣ деҳқонон ба такопӯ даромада, ба баҳор омодагӣ мегиранд, техникаҳои кишоварзӣ таъмир шуда, ба мавсими нави кишту кор тайёр карда мешаванд.
Дар намоишгоҳи ҷашнӣ намудҳои зиёди техникаву механизм ва дигар мошинолоти кишоварзӣ, ки барои кишту кори баҳорӣ омодаанд, ба маъраз гузошта шуданд. Ин аз тайёрии ҳамаҷонибаи хоҷагидорони шаҳр ба мавсими кишту кори баҳорӣ дарак медиҳад.
Дар ҷашни Сада ҳамчунин гӯшаҳои машваратӣ амал намуда, аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба ба кишоварзон, дар маҷмӯъ иштирокдорони намоишгоҳ тарзи дурусти агротехникаи парвариши зироати кишоварзӣ, боғу токпарварӣ ва дигар нозукиҳои соҳа шарҳ дода шуд.










Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






