ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 январ, чоршанбе, 6-умин рӯзи соли 2021 аст

Январь 6, 2021 08:00

6 январи соли 2010 дар Тоҷикистон фурӯши саҳмияҳои НБО «Роғун» оғоз гардид.

 ***

6 сол пеш, 6 январи соли 2015 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ  ба вилояти Суғд рафта, дар он ҷо бо ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят мулоқот намуд ва масъалаҳои убури ғайриқонунӣ, мубориза бо  ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ба монанди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои соҳаро баррасӣ кард.

***

Дар ин рӯзи соли 1943 дар Иттиҳоди Шӯравӣ барои ҳайати шахсии  Артиши Шӯравӣ рутба ҷорӣ карда шуд.

РӮЙДОДҲО:

6 январи соли 2015 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) чаласаи шашуми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани  муҳити тиҷоратӣ ва фазои сармоягузории назди раиси вилояти Хатлон баргузор гардид.

***

6 январи соли 1912 Ню- Мехико 47-умин иёлати Амрико гардид.

***

105 сол муқаддам, 6 январи соли 1916 дар Англия хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҷорӣ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1941 дар ИМА президенти вақт Рузвелт ба конгресс Қонун дар бораи Ленд-Лизингро равон кард, ки он ба президент ҳуқуқи фурӯхтан, ба қарз додан ва ё ба иҷора додани техника ва таҷҳизоти ҳарбиро  ба давлатҳое, ки аз нуқтаи назари ИМА мудофиаи онҳо зарур аст, медод.

***

6 январи соли 1993 Президенти вақти Перу Алберто Фухимори аз нав шакли идораи конститутсионии давлатро ҷорӣ намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ карда шуданд.

***

 Соли 1946 аввалин маротиба дар таърихи Ветнам интихоботи умумӣ баргузор гардид.

Январь 6, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш