ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Яхобмонӣ ва обмонии захиравӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими агротехникӣ дар фасли зимистонанд
ДУШАНБЕ, 06.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз роҳҳои ба даст овардани ҳосили фаровон-ин гузарондани обмонии захиравӣ ва яхобмонии боғот дар фасли сармо мебошад. Яхобмонӣ ва обмонии захиравӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими агротехникӣ дар фасли зимистон ба ҳисоб рафта, кишоварзон бо ин роҳ метавонанд ба захиракунии намӣ, нест кардани ҳашароту зараррасонҳо, баланд бардоштани ҳосилхезии замин, ба даст овардани маҳсулоти босифат ва меваҳои лазизу шаҳдбор замина гузоранд. Чунин тавсия медиҳад директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров ба деҳқонони мамлакат.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, дар фасли зимистон новобаста аз баланд ё паст будани ҳарорати ҳаво бояд дар заминҳои кишоварзӣ обмонии захиравӣ ва яхобмонӣ гузаронида шаванд.
«Агар боғпарварон дар зери дарахтон яхоб монда бошанд, дар сурати пеш омадани гармӣ дар фасли баҳор он дарахтонро аз гулкунии барвақтӣ нигоҳ медорад. Зеро дар шароити иқлими мамлакати мо аксари дарахтон, аз ҷумла бодому зардолу аз таъсири гармӣ барвақттар гул мекунанд, ки ин албатта, зарар дорад»,- афзуд коршиноси соҳа.
-Дар робита ба сард омадани зимистони имсола ҳамсуҳбати мо ба боғпарварон тавсия медиҳад, ки ҳангоми сардии зимистон яхобмонӣ ба маҳвшавии тухму зочаи манбаи сирояти боғу токзор- зараррасонҳо ва занбурӯғу бактерияҳо мусоидат менамояд. Инчунин дар сурати мондани яхоб ҳосилнокии боғҳои себ то 70 — 100, олу 50 — 60, олуболу 60 — 80 ва зардолу то 90-100 фоиз зиёд мегардад. Яхобро пас аз рехтани барги дарахтон, моҳҳои декабр — феврал бо меъёри 1000 — 1300 метри мукааб об ду маротиба додан зарур аст. Меъёри яхобмонӣ аз намнокии хоки майдон, тагпайванди дарахтон, баландии сатҳи обҳои зеризаминӣ ва сохтори хок вобаста мебошад,- тавсия медиҳад ҳамсуҳбати мо.
Ҳикматулло Назиров зикр намуд, ки «кишоварзон набояд фаромӯш созанд, ки яхобмонӣ низ монанди обмонии баҳорӣ бояд муътадил гузарад. Чунки аз ҳад зиёд шудани намнокӣ боиси косташавии қобилияти обу ҳавогузаронии хок мегардад. Инчунин дар заминҳои сатҳи оби зеризаминиашон баланд яхобмонӣ тавсия дода намешавад, зеро расидани оби полезӣ ба оби зеризаминӣ боиси боло баромадани намакҳои таркиби оби зеризаминӣ гардида, эҳтимоли хушкшавии дарахту буттаҳо зиёд мешавад. Аҳамияти яхобмонӣ дар мавзеъҳои камоб дучанд аст. Бо роҳи яхобмонӣ деҳқонон метавонанд дар давраи зимистон дар хок намнокии зиёд захира кунанд. Оби захирашударо дарахтон фасли тобистон пурра истифода мебаранд».
Ба гуфтаи мутахассисону олимони соҳа, обмонии захиравӣ ва яхобмонӣ на танҳо барои парвариши боғу ток, балки барои ҳамаи зироати кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, ки дар фасли баҳор кишт мешавад, зарур ва муҳим аст.








Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид






