Қуръакашии марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 09.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 январ дар толори Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Чун анъана, Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ду марҳила – пешакӣ ва ниҳоӣ баргузор мешавад. Дар марҳилаи пешакӣ мусобиқаҳо дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон баргузор мешаванд. Мусобиқа дар Душанбе 23 январ оғоз меёбад.
Дар минтақаи Душанбе, ки чор дастаи Лигаи олӣ ва панҷ намояндаи дивизиони якум ширкат меварзанд, дастаҳо аз рӯи натиҷаи қуръакашии «нобиноёна»-и имрӯза ба ду гурӯҳ тақсим карда шуданд. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои “Локомотив-Помир”, “Регар-ТадАЗ”, “Кӯктош”, КМВА ва “Шоҳмансур” шомиланд. Гурӯҳи “В” аз дастаҳои “Душанбе-83”, “Ваҳдат”, “Истиқлол” ва “Барқчӣ” иборат аст.
Дар минтақаи Душанбе бозиҳои гурӯҳӣ ба тартиби даврагӣ дар як қисм баргузор мешаванд. Аз рӯи натиҷаҳои даври гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба финали Ҷоми Федератсия-2021, ки моҳи феврал дар Душанбе баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамаи дастаҳо аз ҳаққи узвият барои иштирок дар Ҷоми ФФТ-2021 озод карда шуданд. Тамоми хароҷоти ташкили мусобиқаро Лигаи футболи Тоҷикистон бар дӯш мегирад.
Натиқаи қуръакашии марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ-2021 дар минтақаи Душанбе:
Гурӯҳи «А»: «Локомотив-Помир», «Регар-ТадАЗ», «Кӯктош», КМВА, «Шоҳмансур».
Гурӯҳи «Б»: «Душанбе-83», «Ваҳдат», «Истиқлол», «Барқчӣ».
АКСҲО аз ФФТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд









CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






