Вазорати дифои Афғонистон аз маҳви 53 ҷангҷӯи «Толибон» дар Қандаҳор хабар дод

Январь 8, 2021 09:56

ДУШАНБЕ, 08.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ҷануби Афғонистон дар вилояти Қандаҳор, 53 ҷангҷӯи ҳаракати «Толибон» (мамнуъ дар Тоҷикистон) кушта шуданд, гуфта шудааст дар гузориши вазорати мудофиаи ин кишвар, хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба вебсайти «Афғонистон.ру.»

Тибқи гузориши вазорати дифоъ, 15 толиби дигар маҷрӯҳ шудаанд. Амалёти ҷангӣ дар ноҳияҳои Арғандоб ва Ҳакрез сурат гирифт, ки Толибон ният доштанд ба мавқеъҳои низомиёни афғон ҳамла кунанд. Ҳангоми ҳамлаи нерӯҳои афғон ҷангиёни «Толибон» талафоти ҷиддӣ доданд. Ғайр аз ин, як анбори калон бо дастгоҳҳои таркандаи худсохт хароб карда шуд. Дар бораи талафот дар сафҳои нерӯҳои Афғонистон гузориш нашудааст.

Вазорати мудофиа инчунин аз пешгирии ҳамлаи «Толибон» дар Урузгон хабар дод. Тавре ки дар ин паём қайд карда шуд, низомиён тавонистанд саривақт як мошини бо маводи тарканда муҷҷаҳазро, ки «Толибон» мехостанд барои ҳамла ба нерӯҳои ҳукуматӣ истифода кунанд, безарар гардонанд.

Январь 8, 2021 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид