9 феврал Вазорати кишоварзӣ, «Амонатбонк», Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Февраль 8, 2021 12:10

ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  9 феврал Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк», Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» оид ба ҷамъбасти соли 2020  нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

БДА «Амонатбонк» нишасти матбуотиро соати 09:00 дар бонки мазкур баргузор менамояд.

Нишасти матбуотии Иттифоқи «Тоҷикматлубот» соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Иттифоқи «Тоҷикматлубот баргузор шуда, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ соати 11:00 дар агентии мазкур нишасти матбуотӣ доир менамояд.

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа соати 14:00 дар Агентии мазкур ва Вазорати кишоварзӣ соати 15:00 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-52-24, 888-08-34-04 мувофиқа менамоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Февраль 8, 2021 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид