Агентии содирот феҳристҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатиро таҳия намуд
ДУШАНБЕ, 20.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида Агентии содирот ҷиҳати диверсификатсияи маҳсулоти содиротӣ, инчунин дақиқ муайян намудани имконияти содиротии кишвар феҳристҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатиро таҳия намуд, ки тибқи дастури дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корбарӣ ба сохторҳои соҳавӣ пешниҳод гардидааст. Ҳамчунон феҳристҳои субъектҳои содироткунандаи маҳсулоти кишоварзию саноатӣ таҳия шуданд, ки айни замон дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Дар ин бора директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода 19 феврал зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.
Мақсад аз таҳияи ҳуҷҷатҳои зикргардида дақиқ муайян кардани имконияти содиротии кишвар буда, барои дар сатҳи зарурӣ муаррифӣ кардани молу маҳсулоти содиротӣ мусоидат менамояд.
Дар самти содагардонии расмиёти савдо Агентӣ бо вазорату идораҳои дахлдор тадбирҳои зеринро амалӣ намуда истодааст.
Тибқи розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузариш ба Низоми содироткунандагони бақайгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо тадбирҳои дахлдор сари вақт амалӣ шуданд, ки дар натиҷа сертификати гузариш ба низоми мазкур 1 декабри соли 2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шуд.
Ҳамзамон Агентии содирот мақоми ваколатдори давлатӣ доир ба низоми содиркунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо (Registered Exporter System) муайян гардид.
Айни замон пешбурди кори Низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби Агентии содирот ройгон ба роҳ монда шуда, бақайдгирии содироткунандагон дар он тариқи электронӣ амалӣ шуда истодааст, ки ба ҳадафҳои болозикр яъне ҳавасмандгардонӣ (бе пардохти маблағ — ройгон), содагардонии расмиёти савдо (ба тариқи электронӣ — бо сарфи вақт ва хароҷот) мусоидат менамояд.








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






