Ҳайати доварони тоҷик бо роҳбарии Сайёдҷон Зайниддинов бозиро дар шаҳри Мадина ҳакамӣ карданд
ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати доварони Тоҷикистон бозии даври навбатии Лигаи шоҳзода Муҳаммад бин Салмон — дивизиони якуми Арабистони Саудиро оид ба футбол ҳакамӣ карданд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар даври нуздаҳуми дивизиони якуми Арабистони Саудӣ ҳайати доварони Тоҷикистон бо роҳбарии довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов бозии байни бошгоҳҳои «Оҳод» ва «Наҷрон»-ро дар шаҳри Мадина ҳакамӣ карданд. Бозӣ бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2: 1 хотима ёфт.
Дар ин вохӯрӣ ба Сайёдҷон Зайниддинов ёварони довари ФИФА — Акмал Бӯриев (Турсунзода) ва Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) кумак карданд. Насрулло Кабиров (Норак) вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дошт.
АКС аз ФФТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






