Академик Ф. Раҳимӣ: «Илм — фурӯғи маърифат» имкони мусоиди наҷот аз хурофоту найранги аз аҳди Дақёнус мондаро фароҳам меорад

Февраль 22, 2021 14:43

ДУШАНБЕ, 22.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ эълон намуданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» доир карда шавад. Низомномаи озмуни мазкур 11 феврали соли 2021 бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоцикистон тасдиқ гардид. Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод РАҲИМӢ суҳбат намуд.  

АМИТ «Ховар»: — Мехостам мухтасар оид ба ҳадафи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, чанд сухан мегуфтед…

Академик Ф. Раҳимӣ: — Озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар кишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.

АМИТ «Ховар»: — Ҳоло маълум аст ба ҳайати комиссияи озмун киҳо шомил шуданд?

Академик Ф.Раҳимӣ: — Муовини Сарвазири мамлакат, сарпарасти соҳа-Раиси комиссия, президенти Академияи миллии илмҳо,, вазири маориф ва илм, ноиби президенти академия — муовинони раис интихоб ва ба ҳайати комиссия-муовинони вазирони саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ, раисони кумитаҳои кор бо ҷавонон, занон, сардори Саридораи геология, ректорону деканҳои донишгоҳҳо ва директорони муассисаҳои илмии кишвар шомил шудаанд.

АМИТ «Ховар»: — Озмун аз рӯйи чанд номинатсия баргузор мегардад ва аз чанд давр иборат хоҳад буд?

Академик Ф. Раҳимӣ: — Ҳафт номинатсия мешавад: математика, (арифметика, алгебра, геометрия); физика ва астрономия; химия; биология (ботаника, зоология, анатомия); география; технологияи иттилоотӣ; ихтироъкорӣ ва навоварӣ. Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи апрел то нимаи дуюми моҳи ноябр ташкил ва гузаронида мешавад.

АМИТ «Ховар»: — Ин озмун аз озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо чӣ фарқ мекунад ва донишу истеъдоди иштирокчиён чӣ гуна муайян карда мешаванд?

Академик Ф. Раҳимӣ: — Фарқияташ дар он аст, ки дар озмуни навбатӣ хондани адабиёт ва азёди шеър нест. Донишу  истеъдоди иштирокчиён аз рӯи донишҳои назариявии иштирокчиён оид ба  қонуну қоидаҳо, теоремаву аксиомаҳо, назарияҳо, фаҳмонида додани моҳияти ҳодисаҳои табиат, ҳалли масъалаҳои амалӣ ва корҳои озмоишӣ, инчунин намоиши дастоварди илмӣ ва навовариҳо муайян карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»: — Яъне супоришҳои озмун ҳам дар шакли назариявӣ ва ҳам амалӣ  дода мешаванд?

Академик Ф. Раҳимӣ: — Бале. 

АМИТ «Ховар»: — Корҳои амалӣ, яъне иҷрои корҳои лабораторӣ дар куҷо сурат мегиранд?

 Академик Ф. Раҳимӣ: — Дар ин самт мо мушкилӣ надорем. Пажӯҳишгоҳҳои илмию амалии  Академияи миллии илмҳо, донишгоҳҳои миллӣ ва славянӣ дорои таҷҳизоти муосиру компютерҳои замонавӣ ҳастанд ва имконият медиҳанд, ки корҳои амалиро дар он ҷойҳо иҷро намоем. 

АМИТ «Ховар»: — Академияи миллии илмҳо, ки яке аз масъулони асосии баргузории озмун ба шумор меравад, барои довталабон ба ғайр аз  адабиёти таълимӣ боз кадом китобҳоро тавсия медиҳад?

Академик Ф. Раҳимӣ: — Академия дар якҷоягӣ бо мақомоти масъул рӯйхати зиёда аз 85 адабиётро барои иштирокчиёни озмун  омода намудааст.  Дар баробари китобҳои дарсӣ аз адабиёти  зикршуда низ саволҳо ва супоришҳо дода мешаванд.   

АМИТ «Ховар»: — Довталабон ин китобҳоро бояд аз куҷо дастрас кунанд? 

Академик Ф. Раҳимӣ: — Мутаассифона, навад дарсади адабиёти тавсияшуда бо забони русӣ ва камчин аст. Ҳамаи онро чоп кардан ҳам ғайриимкон аст. Бинобар ин, тасмим гирифтем, ки дар сомонаҳои  Академияи миллии илмҳо anrt.tj ва ravshanfikr.tj таҳти номи “Илм-фурӯғи маърифат” рубрикаи нав кушоем ва шурӯъ аз 19 феврал шакли электронии адабиёти тавсияшударо ворид намоем. Иштирокчиён метавонанд ба ин сомонаҳо ворид шгардида, бо низомномаи озмун шинос шаванд ва адабиётро дастрас намоянд. Баргузории ин озмун моро водор месозад, ки дар фикри баргардон кардани адабиёти тавсияшуда шавем. 

АМИТ «Ховар»: — Вале он нафароне, ки мехоҳанд дар озмун иштирок кунанд, вале ба  интернет дастрасӣ надоранд, чӣ  кор кунанд? 

Академик Ф. Раҳимӣ: — Мо дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илм тасмим гирифтаем, ки шакли электронии адабиёти тавсияшударо дар дискҳо ҷой карда, ба шаҳру ноҳияҳо фиристонем. 

АМИТ «Ховар»: — Тибқи тартиби муқарраргардида, ғолибони даври чорум ва барандаи Шоҳҷоизаро чӣ интизор аст?

Академик Ф. Раҳимӣ: — Ба ғолибони даври чорум ва барандаи Шоҳҷоиза аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад. 

АМИТ «Ховар»: — Маблағи Шоҳҷоиза чӣ қадар аст?

Академик Ф. Раҳимӣ: — Маблағи Шоҳчоиза, ки насиби як нафари беҳтарин мегардад, 70 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.

АМИТ «Ховар»: — Барои дарёфти Шоҳҷоиза кадом довталаб роҳ меёбад?

Академик Ф. Раҳимӣ: — Барои ширкат дар мусобиқа ҷиҳати дарёфти  Шоҳҷоиза  ҳамоне шарафёб мегардад, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҷойи якумро сазовор гардидааст. Барандаи Шоҳҷоиза ва шахсоне, ки дар даври чоруми озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол менамоянд,  се соли дигар дар озмун ширкат карда наметавонанд.

АМИТ «Ховар»: — Ба ғолибони даври чорум чӣ гуна имтиёзҳо пешбинӣ шудааст?

Академик Ф. Раҳимӣ: —  Ғолибони даври  ниҳоӣ, инчунин соҳибони ҷойҳои 1, 2, 3 ва барандаи Шоҳҷоиза баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси     интихобкардаи худ бе озмун ба тариқи ройгон ба дилхоҳ муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ қабул карда мешаванд. 

АМИТ «Ховар»: — Ба омӯзгороне ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ғолиб мебароянд, ягон мукофот пешбинӣ шудааст?

Академик Ф. Раҳимӣ:  — Албатта, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун барандаи Шоҳҷоиза ва сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мегарданд, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми то 10 ҳазор сомонӣ сарфароз мегарданд.

АМИТ «Ховар»: — Дар маҷмӯъ, барои ташкил ва гузаронидани озмун чӣ қадар маблағ пешбинӣ шудааст?

Академик Ф. Раҳимӣ: — Хароҷоти марбут ба ташкил ва баргузории даври ҷамъбастии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” ду миллиону сесаду чилу панҷ ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маблағи мазкур аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.

Ҷоиза ва мукофоти пулии ғолибони озмун ва омӯзгорони онҳо дар маросими тантанавӣ аз ҷониби намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.

Иштирокчиёни ҷойҳои 4, 5, 6 даври чоруми озмун бо нишони «Илм   ва   инноватсия»   ва ифтихорномаи  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз мегарданд. Падару модароне, ки фарзандони онҳо дар даври чорум ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст меоранд, соҳиби нишони «Маърифатпарвар» ва ифтихорномаи академия мегарданд.

АМИТ «Ховар»: — Ибтикороти созандаву дурандешонаи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонродар замони ҷаҳонишавӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Академик Ф. Раҳимӣ: — Рушди илм, махсусан илмҳои табиатшиносӣ ва диқиқу риёзӣ ҳадафи асосии Пешвои муаззами миллат ва давлат мебошад. Маҳз ин илмҳо муҳимтарин рукни ҷаҳонбинии дунявӣ ва муассиртарин воситаи тарбияи шахсияти соҳибназар арзёбӣ мешаванд.

Имрӯз навъҳои гуногуни хурофот  — аз тилисму азоимхонӣ сар карда,  то фолбинию (рамл), саноати танҷим (астрология) аз нав ҷон мегиранд ва торафт ақлу ҳуши мардумро рабуда, онҳоро ба доми худ медароранд ва на фақат  мардуми Шарқ, балки  аврупоиён, на танҳо мардуми авом, балки бархе аз аҳди саводро низ гумроҳ мекунанд.  Озмуни “Илм  — фурӯғи маърифат” имкони мусоиди наҷот аз хурофоту найранги аз аҳди Дақёнус мондаро фароҳам меорад. Тафаккури хурофотӣ тамоми ҷомеаи ҷаҳониро таҳдид мекунад, рӯ овардан ба илму хирад аз роҳҳои асосии ҳалли ин мушкил ба шумор меравад.

Дар баробари озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон-ватани азизи ман” озмуни “Илм — фурӯғи маърифат”, пеш аз ҳама, бо мақсади васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ роҳандозӣ гардид. Мо, аҳли илми тоҷик, ин ташаббусҳоро бо рӯҳбаландии бузург истиқбол намуда, бо боварӣ изҳор менамоем, ки ин озмун барои дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт мусоидат карда, ихтирокорӣ ва навоварӣ тавсеа меёбад, ҷавонон бештар ба илм рӯй меоранд ва дастовардҳои илмӣ меафзоянд.

Февраль 22, 2021 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
«ЧАКАН-МЕРОСИ ШИГАРФИ ФАРҲАНГ». Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид