Ҷавонони тоҷик дар оғози «Ҷоми рушд-2021» дар Минск ҳамсолони қазоқистониро бо ҳисоби калон мағлуб намуданд
ДУШАНБЕ, 01.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар нахустин бозии худ дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2021» дар Минск бар ҳамсолони худ аз Қазоқистон бо ҳисоби 7:1 пирӯз шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Голро аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Меҳрубон Каримов, Алиҷони Айнӣ, Хусрав Тоиров, Хуршед Давлатзода, Шаҳриёри Иноятулло ва Асадбек Ҷӯрабекзода ба нишон расониданд.
Дар даври дуюми “Ҷоми рушд-2021” дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи Молдова бозӣ мекунад. Ин бозӣ 3 феврал, соати 14:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Мусобиқаи байналмилалии наврасон «Ҷоми Рушд-2021» дар Минск
Даври 1-ум
31 январ (якшанбе)
14:00 – Қазоқистон – ТОҶИКИСТОН (1:7)
17:30 – Беларус – Молдова (1:3)
Даври 2-юм
3 феврал (чоршанбе)
14:00 – ТОҶИКИСТОН – Молдова
17:30 – Беларус – Қазоқистон
Даври 3-юм
6 феврал (шанбе)
14:00 – Молдова – Қазоқистон
17:30 – Беларус – ТОҶИКИСТОН
ЭЗОҲ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе
АКС аз ФФТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






