Аввалин машварати сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Гурҷистон баргузор гардид

Февраль 16, 2021 14:10

ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 феврал аввалин машварати сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳайатҳои ҷонибҳоро муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Муовини вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Александр Хвтисиашвили роҳбарӣ намуданд.

Роҳбарони ҳайатҳо ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муҳокима карда, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ  ва ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Дар фарҷоми машваратҳои сиёсӣ вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Гурҷистон Давид Залкалиани бо тартиби корӣ Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро барои солҳои 2021-2022 ба имзо расониданд.

                                                                  АКС аз ВКХ ҶТ

Февраль 16, 2021 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид