Барномаи нави бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021-2027 муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 06.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 феврал бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва иштироки роҳбарияти вазорату идораҳо ҷаласа дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, ки дар он Барномаи нави бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021-2027 муаррифӣ гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад, дар ҷаласа З. Завқизода зикр кард, ки бо шарофат ва иродаи олии сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории стратегии кишварҳои мо ба сатҳи баланд баромада, самтҳои афзалиятнокро дар бар мегиранд.
Таъкид гардид, ки Барномаи нави бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021-2027 ба самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла иқтисоди сабз ва фарогир, рушди сармояи инсонӣ ва идоракунии захираҳои табиӣ, самаранокӣ ва тобоварӣ равона мегардад.
Ҳамзамон Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ аз Иттиҳоди Аврупо дархост кард, ки бо назардошти паҳншавии пандемияи коронавируси COVID-19 ва таъсири он дар ҷаҳон ба соҳаи иқтисоди миллӣ ҳаҷми маблағгузории барномаи мазкур назаррас зиёд карда шавад.
Инчунин пешниҳод гардид, ки афзалияти стратегию барномавии Ҳукумати ҷумҳурӣ, маблағгузории буҷети давлатӣ ва рушди устувории иқтисодию иҷтимоӣ ба Барнома ворид карда шаванд.
Лоиҳаи Барномаи нави бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021-2027 то охири моҳи феврали соли 2021 ба баррасии Комиссияи Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссел бо назардошти таклифҳои ҷониби Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи қаблии худ барои солҳои 2014-2020 ба Тоҷикистон 251 миллион евро ҷудо намуда, инчунин бо назардошти паҳншавии пандемияи коронавирус иловатан 48 миллион евро маблағҳои грантиро ба соҳаҳои иҷтимоӣ ҷудо кард.
Дар анҷоми машварат ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкории судманд изҳори омодагӣ намуданд.
АКСҲО аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ









Дар теппаҳои шоҳроҳҳои Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беш аз 106 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони шаҳри Исфара шинос гардид
Рушди ҳамкории тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баррасӣ гардид
АФЗОИШИ ИЗОФАНАВИСИИ ЭНЕРГИЯИ БАРҚ БА СУРАТҲИСОБИ МУШТАРИЁН. Агентии назорати давлатии энергетикӣ дар ин хусус иттилоъ медиҳад
ТАЪСИРИ ОМИЛИ ИНСОНӢ. Бо рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ он дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш меёбад
Ҷаласаи панҷуми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи дастгирии энергетикаи устувор баргузор гардид
Дар Тоҷикистон нахустин Намоишгоҳи байналмилалии ҳалли бастубанд барои саноати хӯрокворӣ ва ғайрихӯрокворӣ баргузор мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар самти рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Абузабӣ оид ба рушд Созишномаи молиявӣ ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба 2147 шахси воқеию хуқуқӣ ба маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт гардид






