Бо назардошти пандемия варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 124 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки соли гузашта 232 нафар варзишгарони тоҷик бо назардошти вазъияти пандемияи коронавирус дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, ба хазинаи варзишии мамлакат 124 медал ворид намуданд.
Ба зикри мавсуф, агар дар зарфи 70 соли даврони Шӯравӣ варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 133 медал (113 медали тилло, 9 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ) ба даст оварда бошанд, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ин рақам ба 5743 адад (1797 медали тилло, 1507 медали нуқра ва 2439 медали биринҷӣ) расидааст.
«Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2020 баҳри таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиши касбӣ ва муҳайё намудани имконияти мусоиди инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон, ки ҳамеша зери таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, дар доираи ваколатҳои худ якчанд тадбирҳоро роҳандозӣ намуд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, имрӯз дар мамлакат 10 ҳазору 220 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудаанд, ки ба инҳо 122 варзишгоҳ, 7326 майдончаи варзишӣ, 1829 толорҳои варзишӣ, 96 ҳавзҳои шиноварӣ, 40 маҷмаа ва 807 иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ дохил мешаванд.
-Шумораи иншооти варзишӣ дар 30 соли соҳибистиқлолӣ беш аз 10 маротиба зиёд гардидааст,- гуфт Абдулло Раҳмонзода.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






