Дар арафаи Рӯзи Артиши миллӣ оилаҳои сарбозон аёдат шуданд
ДУШАНБЕ, 20.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сиёсати инсонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Далер Қобилзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода дар арафаи таҷлили ҷашни 28-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо рӯзгори якчанд ҷавонмарде, ки дар роҳи ҳимояи Ватан ва сохти конститутсионӣ сина сипар намуданд ва як тан ҷавоне, ки хизмати Ватанро адо менамояд, шинос гардида, ба хабаргирӣ ва ҳолпурсии оилаи онҳо рафтанд. Дар ин бора аз дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зимнан ба оилаҳои номбурда миқдори зарурии маводи ғизоӣ дастрас намуда, барои идомаи таҳсили фарзандони оилаи онҳо дар муассисаҳои таълимӣ бобати таъмини лавозимоти хониш, хизматрасонии иҷтимоӣ ва дастрасии маводи дорувории лозимӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон иброз гардид, ки дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳои миллӣ дигар оилаҳои ниёзманду ятим ва маъюбон аёдат шуда, зери сарпарастӣ гирифта мешаванд.








Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад






