Дар Бадахшон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гӯштини миллӣ доир шуд

Февраль 22, 2021 13:10

ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба 28-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Мактаби президентии шаҳри Хоруғ мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ  доир гардид.  Дар мусобиқаи мазкур  варзишгарони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, қисмҳои ҳарбӣ, раёсатҳои гумрук, андоз, агентии маводи нашъаовар, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, комендатураи ҳарбӣ, ҳолатҳои фавқулода ва гражданӣ, гумрук, Гвардияи миллӣ ва РАНДММКҶТ-и вилоят фаъолона иштирок ва бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар ин бора аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш ва Комиссариати ҳарбии вилоят баргузор гардид.

Ногуфта намонад, ки ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ дар вазнҳои аз 60 то +100 кг  иштирок карданд, аз ҷумла, дар вазнҳои:

— 60кг- Фаридҷони Мамадрузӣ аз РВКД, Марод Ниёзмамадов аз  РҲФМГ,  Муродали Юлдошов аз Гвардия, Саидислом Одинаев аз РҚС КДАМ ҶТ,

-65 кг- Амин Мирмамадов  аз ҚҲ, Фаридуни Назаралӣ аз Гвардия, Алишер Қурбонзода аз  РАНМН, Сорбон Абдуҳофизов аз андоз

— 70 кг- Худодод Сербаргаев аз  РҲФМГ,  Паншер Одинаев аз ҚҲ, Мансур Абдулазизӣ аз Гвардия, Абдуғафори Ҷумъазод аз  РВКД

-75кг- Салмон  Раҳмихудоев  аз гумрук,  Насим Ҳакимов аз РКДАМ Ширинбек Нурмамадов аз РҲФМГ, Сорбон  Раҳимов аз РКДАМ

— 80кг- Асад Собиров аз ХДО, Шуҳрат Заренов аз Андоз, Набӣ Мируллоев аз РВКД,  Файзалӣ Имомиддинов аз РКДАМ

— 86кг- Тутиё Карамхудоев аз ХДО, Ниёз Асматбеков аз РВКД Шакармамад Паноев аз РАНМН, Абдулло Исмонов аз ҚҲ

-90кг Малик Шошоев аз РВКД, Акбар Ёрматов аз РКДАМ, Акбар Зарипов аз РАНМН, Раҳматулло Хайруллозода аз ГВАРДИЯ

-100кг- Шоҳруз Сулаймоншоев аз РАНДМКҶТ Манучеҳр Шоҳмуродзода аз РКДАМ, Нурӣ Қаландарбеков аз РАНМН Саидҷафари Ғайратшо аз  РКДАМ

+100кг- Иматшо Гулдасташоев аз РҲФМГ, Руслан Зарифбеков аз РВКД Зафар Тобшоев аз РҚС КДАМ ҶТ, Нурулло Раҷабов аз РКДАМ

Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон бо медалу Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Февраль 22, 2021 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд