Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 06.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар майдони факултети химия, биология ва географияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чоҳи амудӣ бо умқи 10 метр барои таъмини донишгоҳ бо оби тозаи ошомиданӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, дар маросими ба истифода додани чоҳи амудӣ раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илми педагогика, профессор Абдусалом Мирализода, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода татбиқи ин лоиҳаро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ба раёсати донишгоҳ арзи сипос намуд.
Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода иброз намуд, ки «ин иқдом барои истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ роҳандозӣ шудааст. Ба ифтихори ин ҷашни давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб 9 адад чоҳи амудӣ мавриди истифода қарор гирифта буд. Мо кӯшиш мекунем, ки аҳолии шаҳрро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намоем».












Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






