Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор шуд

Февраль 5, 2021 16:35

 ДУШАНБЕ, 05.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои навбатии маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор гардид. Дар он муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, намояндагон аз Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати фарҳанг, Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати мамлакат дар соли 2020 ҷиҳати ба омӯзиш фаро гирифтани ҷавононе, ки ҳоло дар хориҷи кишвар қарор доранд, андешаронӣ намуда, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.  Аз соли 2014 дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»  фаъолият дорад.  Аъзои ин Шӯро вазорату идораҳои дахлдоре мебошанд, ки барои ҳалли масъалаи ҷавонони  дар хориҷ аз кишвар таҳсилдошта расидагӣ мекунанд.

«Имрӯз  ҷавононе, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил мекунанд, пайваста бо мо дар иртибот буда, аз мушкилоти худ моро огоҳ месозанд. Бояд гуфт, ки имрӯз қувваи ҷавонон барои  мо хеле зарур мебошад.  Танҳо дар такя бар қувваи ҳамдигар дар шароити имрӯзаи рушд мо метавонем ба ҳадафҳои олии худ бирасем. Мақсади асосии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  аз баргузории  ҷаласаи Шӯрои маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»- ин  пешбурди кори Шӯро мебошад, то ин ки  ҷавонони тоҷик дар хориҷ аз кишвар ба ҳар гуна амалҳои ношоям даст назананд»,- гуфт Д.Аҳмадзода.

Ба зикри Роҳбари маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» Хусрав Аюбзода, мақсад аз баргузории ҷаласаи шӯро- ин натиҷагирӣ аз фаъолияти маҳфил дар соли 2020 ва муҳокимаи нақшаи чорабиниҳо барои соли 2021  мебошад.

Маҳфил дорои Шӯрои босалоҳият буда, ҳар се моҳ ҷаласаи Шӯрои он  баргузор карда мешавад, ки дар он ҳисобот аз ҷараёни фаъолияти маҳфил шунида мешавад. Ҳоло намояндагии маҳфил дар 17 давлати дунё фаъолият менамояд,- афзуд номбурда.

Ба иттилои котиби дуюми шуъбаи ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷии мамлакат Яҳё Валиев, аксари донишҷӯёни тоҷик дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия дар  асоси бурсияҳои давлатӣ ва бо роҳҳои хусусӣ таҳсил менамоянд. Ба ин хотир дар якчанд шаҳрҳои Россия маҳфили ҷавонони тоҷик таъсис дода шудааст. «Ҷавононе, ки дар соли хониши 2020-2021 ба донишгоҳҳои Федератсияи Россия дохил шуданд, бо сабаби пандемияи КОВИД -19 ба онҷо сафар карда натавонистанд. Вале новобаста аз ин. аксари онҳо таҳсили худро тариқи маҷозӣ давом дода истодаанд. Умед аст, ки мушкилии онҳо ояндаи наздик ҳалли худро меёбад»,- гуфт Яҳё Валиев.

Тавре маълум аст, қисми зиёди аҳолии мамлакати моро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки ҷавонон оянда ва неруи пешбарандаи ҷомеаи мо ҳастанд.

Айн замон ҳазорҳо ҷавонони тоҷик дар  мамлакатҳои хориҷӣ таҳсили илм менамоянд  ва ҳамасола шумораи онҳо дар ҳоли афзоиш аст. Бинобар ин мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, то донишҷӯён донишу малакаи худро такмил дода, дар рушду ободонии мамлакатамон саҳм гузоранд.

Февраль 5, 2021 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд