Дар Кӯлоб омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳру деҳотро оид ба эҳтимоли сард шудани ҳаво ва боришот баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 19.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳру деҳоти Кӯлоб барои фаъолияти мунтазам дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 доир гардид. Дар ҷаласаи ситод зикр гардид, ки дар охири моҳи феврал тибқи маълумот ҳаво сард шуда, боридани барф пешгӯӣ гардидааст. Вобаста ба ин, аз масъулини соҳаҳои маориф, тандурустӣ оид ба захираи маводи сӯхт, ангишту ҳезум пурсиш карда шуда, онҳо вазифадор карда шуданд, ки аз захираҳо истифода намуда фаъолияти самарабахши соҳаҳоро таъмин намоянд. Ҳамзамон дар ҳолатҳои зарурӣ барои истифода аз генераторҳои барқӣ вазифадор карда шуданд.
Муовини сардори ситоди шаҳрӣ зикр кард, ки бояд тамоми шароиту имкониятро истифода намуда, корҳои заруриро муташаккилона ба роҳ монд, то мавсими зимистон бе мушкилӣ гузарад.
Тибқи маълумот, дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр маводи зидди лағжиш 239 метри мукааб захира гардида, 120 метри мукааб истифода шуда, 119 метри мукааб мавҷуд мебошад. Дар муассисаи мазкур мошин, аз ҷумла 1 боркунаки фронталӣ, 2 мошини ГАЗ 53, 2 автогрейдер, дулан ва мошини махсуси барфтозакунӣ омодаи кор мебошанд.
ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб» зеристгоҳҳоро таъмир ва ба зимистон омода намуда, тибқи нақша хатҳои интиқоли барқи фарсударо иваз кардааст. Дар шаҳру деҳот 7 адад трансформатори қуввагии иқтидорашон паст ба трансформатори қуввагии иқтидорашон баланд иваз карда шуда, 8 трансформатори иловагӣ дар кӯчаю маҳалла ва деҳаҳо гузошта шуданд. Барои сарфаю сариштакорон истифода намудани неруи барқ ва сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи он бо аҳолӣ вохӯриҳо гузаронида шуда, ба онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд.
Ҳамчунин гурӯҳи корӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа таъсис дода шуда, самаранок истифода намудани неруи барқро дар ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноатӣ, кӯчаю маҳалла ва деҳаҳо мавриди санҷиш қарор дода истодааст. Айни замон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 4 нуқтаи фурӯши ангишт, 31 нуқтаҳои фурӯши гази моеъ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ фаъолият доранд.
Илова бар ин, аз ҷониби ҶСК “Суғдиён”-и Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 5 маҳаллаи шаҳр нуқтаҳои фурӯши ангишт ташкил карда шуда, дар онҳо 100 тонна ангишт бо нархи 1 кг-1 сомонӣ ба фурӯш бароварда шудааст.
Тибқи маълумоти раёсати молияи шаҳр, барои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 ва зимистонгузаронӣ 130,6 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт карда шудааст, ки 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Аъзои ситод вазифадор гардиданд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ чораҳои фавриро барои фаъолияти мунтазами соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти шаҳр дар фасли зимистон амалӣ намоянд.








Оид ба нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар рушди таҳсилоти касбӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Тоҷикистон нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд
Бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар барои 460 нафар пешбинӣ шудааст
«СУЛҲОФАРӢ-МАРОМИ СИЁСАТИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиш доир шуд
Ба кӯдакони ятим ва ниёзманди ноҳияи Ёвон кумак расонида шуд
Ҷаласаи якуми Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор гардид
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ СУЛҲОФАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиш баргузор гардид
«ЗАНОН — ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар Душанбе ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки пеш аз сафар вазъи роҳҳоро омӯзанд
IRS: Ҳаракати тамоми нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок таъмин аст
Раванди ислоҳоти низоми тандурустӣ то соли 2030 баррасӣ гардид






