Дар корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстон нисбат ба соли 2020 истеҳсолот зиёд аст
ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстон ба маблағи 444,7 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 106,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорон орд, равғани растанӣ ва маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол карда шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Тавре мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода ба хабарнигори АМИТ “Ховар” хабар дод, раиси шаҳр дар нишаст иброз дошт, ки алҳол 33 адад корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр фаъолият дошта, дар онҳо зиёда аз 1900 нафар кормандон кор мекунанд. Дар дувоздаҳ моҳи соли сипаригардида ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти хизматрасониҳои пулакии барқу об ва бахши хусусӣ ба 516,8 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 111,0 миллион сомониро ташкил дод.
Раиси шаҳр инчунин аз нақшаву тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи сазовори ҷашни фархундаи миллиамон-30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардида, иброз дошт, ки дар шаҳри Бӯстон баҳри татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори раиси шаҳри Бӯстон ба имзо расида, бо назардошти тағйиру иловаҳо нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба 180 адад расонида шуд, ки он фарогири корҳои ободониву бунёдкорӣ, созандагӣ ва таъмиру барқарорсозии муассисаҳои гуногун, бунёди майдончаҳои варзишӣ, биноҳои истиқоматӣ ва амсоли инҳо мебошад.








Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд






