Дар Париж мусобиқаи интихобии ҷаҳонӣ оид ба бокс баргузор намегардад

Февраль 17, 2021 11:01

ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи интихобӣ оид ба бокс барои Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки қарор буд моҳи июн дар шаҳри Парижи Франсия баргузор шавад, барҳам дода шуд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

53 роҳхат, ки бояд дар ин мусобиқа дода мешуд, акнун дар асоси раддабандӣ тақсим карда мешаванд ва беҳтарин муштзанҳои ҳар категорияи вазнии ҳамаи қитъаҳо соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мегарданд. Мусобиқаи интихобии қораи Аврупо, ки ду маротиба ба таъхир афтод ва ин бор Лондон аз мизбонӣ даст кашид, моҳи июн доир мешавад, вале ҷои баргузории мусобиқа ҳоло маълум нест.

Гурӯҳи кории КБО оид ба бокс эълон кард, ки тағйирот дар системаи интихобӣ имконияти баробари дарёфти роҳхати олимпиро барои варзишгарони ҳамаи қитъаҳо муҳайё мекунад. Пойтахти Аргентина – Буэнос Айрес аз 10 то 16 май макони баргузории мусобиқаи интихобии олимпии бокс барои Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ интихоб шуд. Соли гузашта дар Урдун мусобиқаи интихобӣ барои Осиё/Уқёнус ва дар Сенегал барои Африқо доир гардида буд.

Хотиррасон  мешавем, ки дар мусобиқаи Осиё/Уқёнус ду варзишгари мо – Баҳодур Усмонов дар вазни -64кг ва Шаббос Негматуллоев дар вазни -81кг аввалин роҳхатҳои олимпиро миёни варзишгарони Тоҷикистон ба даст оварданд. Ҳарду варзишгар аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд ва ба Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки аз 23 июл то 9 августи соли 2021 доир мешавад, омодагӣ мебинанд.

Раддабандии гурӯҳи кории КБО оид ба бокс пас аз ҷамъбасти мусобиқаҳои интихобии қоравӣ тартиб дода шуда, барои тақсимоти 53 ҷой – 32 ҷой барои мардон ва 21 ҷой барои бонувон истифода мешавад. Мусобиқаҳои интихобии олимпии боксро, пас аз он ки КБО моҳи майи соли 2019 бо сабаби мушкилот дар мудирият, молия ва ахлоқ эътирофи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскориро муваққатан боз хонд, гурӯҳи кории КБО бо роҳбарии Моринаре Ватанабеи японӣ, президенти Федератсияи байналмилалии гимнастика баргузор мекунад.

Февраль 17, 2021 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд