Дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон ва ноҳияи Б.Ғафуров амалиёти «Тозагии маҳал» гузаронида шуд

Февраль 3, 2021 11:32

ДУШАНБЕ, 03.02.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологӣ, тозаву обод намудани муҳити атроф ва инчунин сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси миллӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд амалиёти «Тозагии маҳал» ҷараён дорад.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Дадобоев бо истинод ба маълумоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, амалиёти мазкур бо ибтикори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти иҷроия рӯи кор омада, ҳадафи асосии он вусъат бахшидан ба корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо, маҳалҳои аҳолинишин, қад-қади роҳҳои мошингард, мавзеъҳои партовпартоӣ ва назди ҷӯйбору соҳили дарёҳо мебошад.

Чунин амалиёти «Тозагии маҳал» дар дар кӯчаи «60-солагии Тоҷикистон»-и маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, дар он донишҷӯёни Литсейи касбии №56 ва хонандагони МТМУ №13, дар маҷмӯъ 350  нафар иштирок намуда, қад-қади роҳҳо ва роҳи пиёдагарди кӯчаи мазкурро аз партовҳои гуногун  тоза намуда, дар натиҷа   ба партовгоҳи шаҳр 3 м3 ахлоту хокрӯба  бароварданд.

Дар доираи амалиёти мазкур дар шаҳри Гулистон низ бо иштироки қариб 700 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо аз назди коргоҳи ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» то мавзеи НБО-и «Қайроққум» 2 км ҷӯйборҳо, 840 м2 ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишин, 3 км роҳҳои асосӣ аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, 4 м3 партов ҷамъоварӣ гардид.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалиёти мазкур дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ёва ва Ғозиён бо иштироки аҳолии ҷамоатҳо, кормандони соҳаи тандурустӣ ва толибилмони мактабҳои №№31 ва 49 бо теъдоди умумии 250 нафар гузаронида шуда, зимни он роҳҳо аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, ба партовгоҳи ноҳия 5 м3 ахлоту хокрӯба бароварда шуд.

Дар доираи амалиёти «Тозагии маҳал» дар дигар минтақаҳои вилоят низ  ҳашарҳои дастаҷамъонаи ободонӣ баҳри тозаву озода намудани муҳити атроф идома доранд.

Февраль 3, 2021 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад