Дар Тоҷикистон 28 кони нафт ва газ сабти ном шудаанд

Февраль 4, 2021 11:58

ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Тоҷикистон 28 кони нафт ва газ сабти ном шудаанд. Тавре агентии «Авесто» хабар медиҳад, дар ин бора 3 феврал зимни конфронси матбуотӣ дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор шудааст.

Тавре муовини Сардори Сарраёсати геологияи Тоҷикистон Алимаҳмуд Ализода ба хабарнигорон иттилоъ дод, захираи нафт дар конҳои сабтшуда 2,2 миллион тонна ва захираи газ — 3,4 миллиард метри мукаабро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи вай, инчунин захираи тилло дар 40 кони тиллодор муҳосиба шудааст. Дар айни замон дар кишвар тақрибан 40 кони тиллои фаъол ва 85 кони тиллои ояндадор ба ҳисоб гирифта шудаанд.

«Ҳоло корҳои геологӣ-иктишофӣ барои муайян кардани захираҳои тилло идома доранд ва пас аз ин онҳо ба тавозуни давлат гузаронида мешаванд», — зикр кард Алимаҳмуд Ализода.

Аммо вай ҳаҷми захираҳои тахминиро дар 40 кони тилло дақиқ накард.

Тибқи иттилои Сарраёсати геологияи Тоҷикистон, харитаи майдонҳо барои истихроҷи тилло дар панҷ минтақаи ҷумҳурӣ аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ таҳия шудааст.

                                                                   АКС аз бойгонӣ

Февраль 4, 2021 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»