Дар Тоҷикистон низоми омори сайёҳии моҳворавӣ — Tourism Satellite Account ҷорӣ мегардад

Февраль 24, 2021 09:10

ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати такмили омори сайёҳӣ ҳамкориро бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ тақвият дода, бо кумаки техникии Бонки Осиёии Рушд низоми омори маҳворавӣ- TSA (Tourism Satellite Account) ҷорӣ менамояд. Чунин зикр шуд дар ҳамоише, ки дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи такмили омори сайёҳӣ ва роҳандозии низоми омори маҳворавӣ доир гардид.

Низоми мазкур қисми ёридиҳандаи низоми омори миллӣ буда, нишондиҳандаҳои соҳаро дар буриши саҳми соҳаи сайёҳӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, талабот ба саёҳат ва пешниҳоди хизматрасониҳои сайёҳӣ барои муайян намудани саҳми сайёҳӣ дар иқтисодиёти миллӣ фаро мегирад.

Зикр шуд, ки айни замон дар асоси методологияи байналмилалӣ бо ҷалби коршиносони Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ ва ду ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳурӣ гузаронидани тадқиқоти омории илман асоснок дар ин самт ба нақша гирифта шудааст. Дар ҳамоиш, ки роҳбарияти Кумита, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ширкат доштанд, зикр шуд, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ҷалби доимии сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ дар назди Кумита гурӯҳи кории доимоамалкунанда аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шуд, ки вазифаи он мукаммал намудани заминаҳои меъёрии омори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Айни замон маълумоти омори соҳаи сайёҳӣ тибқи шакли ҳисоботи омории 4 нуқтаи сарҳадӣ ва методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ оид ба ташрифи шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби Агентии омор дастрас карда мешавад.

Февраль 24, 2021 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд