Дар вилояти Хатлон омодагӣ ба даъвати баҳории наваскарон оғоз ёфт

Февраль 18, 2021 09:47

БОХТАР, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон омодагиҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар оғоз ёфтанд», — иттилоъ дод ба мухбири АМИТ «Ховар» раиси кумитаи Ҷамъияти мададгори мудофиаи вилояти Хатлон Абдуллохон Достиев.

Имсол тибқи нақша 1180 нафар ҷавонони вилоят бояд ба  курсҳои махсус фаро гирифта шаванд ва аз ҷумла, 243 нафари онҳо аллакай дар курсҳои ронандагӣ таҳсил мекунанд. Омӯзиш мутобиқи категорияҳои «B» ва «C» сурат мегирад.

Ба гуфтаи ӯ, омӯзиши касбии ҷавонон ба онҳо имкон медиҳад, ки соҳиби касбе шаванд, ки на танҳо ҳангоми хидмати ҳарбӣ, балки пас аз он низ лозим бошад.

Давоми даъвати тирамоҳии соли 2020 дар вилоят 1030 нафар дар курсҳои омӯзишӣ таҳсил ва ба сафи артиш даъват шуданд, ки 304 нафари онҳо дар курсҳои ронандагӣ таҳсил карда буданд.

Февраль 18, 2021 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд