Дастаи миллии футболи Тоҷикистон омодагиро ба бозии дуюми дӯстона бо дастаи Урдун оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон пас аз бозии аввали дӯстона бо дастаи миллии Урдун як рӯз истироҳат карда, 3 феврал омодагӣ ба бозии дуввумро дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай оғоз кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бозии дуввуми дӯстона байни дастаҳои миллии Урдун ва Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 5 феврал дар варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи Амороти Муттаҳидаи Араб, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 ба вақти Душанбе) баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки бозии аввали дӯстонаи дастаи миллии Тоҷикистон ва дастаи миллии Урдун бо пирӯзии урдуниҳо бо ҳисоби 2:0 хотима ёфта буд.
АКС аз ФФТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






