Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон бо 50 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Ҷило Гулназарзода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод, ки донишкадаи мазкур бо зиёда аз 50 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Давоми соли 2020 дар донишкада 13 нафар шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият намуданд.
Мавсуф зикр дошт, ки бинобар сабаби ба анҷом расидани муҳлати қарордоди дуҷониба ва авҷи бемории коронавируси КОВИД-19 10 нафар омӯзгорони соҳибзабон ба ватани худ баргашта, айни замон 3 нафари онҳо фаъолият намуда истодаанд. Донишкада нақша дорад, ки баъд аз кушода шудани марзҳо омӯзгорони забондонро аз хориҷи кишвар даъват намояд.
Ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» вобаста ба таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ ва таҳсили донишҷӯёни ин муассиса дар хориҷи мамлакат Ҷило Гулназарзода посух дод, ки «давоми соли таҳсили 2020 8 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсили худро дар курси кӯтоҳмуддати донишкада идома доданд, ки аз инҳо 6 нафар курси омӯзиши забони давлатиро хатм намудаанд. Айни замон 7 нафар донишҷӯёни донишкада дар хориҷи мамлакат, аз ҷумла 2 нафар дар Донишгоҳи забонҳои Токиои Япония ва 5 нафар дар Донишгоҳи Кемриёи Ҷанубӣ таҳсил доранд».
Дар ҷараёни нишаст зикр гардид, ки шумораи донишҷӯён нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 1096 нафар, яъне 26 фоиз афзоиш ёфтааст. Инчунин қабули шаҳрвандони хориҷӣ низ тибқи муқаррарот ба роҳ монда шуда, аз ҷумҳириҳои Афғонистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба зинаи бакалавриат 379 нафар довталаб дохил гардидаанд.








Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад»






