Филми «Ношунаво»-и «Телевизиони Сафина» дар 8-умин Намоиши байналмилалии кинои кӯтоҳмуддати Осиё дар Чин соҳиби ҷоизаи Golden Begonia Award гардида буд

Февраль 10, 2021 16:01

ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз дастовардҳои «Телевизиони Сафина» дар соли сипаригардида дар 8-умин Намоиши байналмилалии кинои кӯтоҳмуддати Осиё дар Чин (8th Fsian Micro Film Art Festival) соҳиби ҷоизаи Golden Begonia Award гардидани филми «Ношунаво» (Deaf) –и коргардони ҷавони шабака Усмон Юсуфов мебошад. Инчунин давоми соли гузашта дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи эҷодии Телевизиони давлатии KBS-и Ҷумҳурии Корея филми илмию итилоотӣ оид ба ҳайвоноти нодир ва табиати нотакрори Тоҷикистон наворбардорӣ кардем ва ин филм тариқи Телевизиони KBS намоиш дода шуда, миллионҳо нафарро ба мавзеъҳои сайёҳӣ ва табиати нотакрори мамлакатамон шинос намуд. Ин матлабро имрӯз, 10  феврал зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Носир Саид ба хабарнигорон иброз дошт.

Зикр гардид, ки чун дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем,  ҳамарӯза дар барномаҳои иттилоотӣ аз ҷараёни омодагии шаҳру ноҳияҳо ба истиқболи сазовори ин ҷашни миллӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, саҳми соҳибкорон дар ободонии маҳал ва умуман корҳои ободониву созандагӣ аз ҳама манотиқи мамлакат гузоришу барномаҳо пешниҳод карда мешаванд.

Барномаҳои “Замзамаи ободӣ”, “Дастовард” ва “Пешрафт”-и ин шабака низ мунтазам ин мавзӯъҳоро пайгирӣ мекунанд.

Февраль 10, 2021 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад»