ФУТБОЛ. Фатҳулло дар Суперлигаи Ҳиндустон нахустин голашро ба нишон расонид

Февраль 22, 2021 11:20

ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Бозингари  шинохтаи  дастаи  мунтахаби футболи Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳулло, ки дар  дастаи «Ченнай»-и Ҳиндустон баромад мекунад, нахустин голро ба нишон расонид. Фатҳулло Фатҳулло кӯшиши зиёд мекард, ки дар  бозиҳои мазкур гол занад ва ниҳоят дар даври 20-уми Суперлигаи Ҳиндустон бар зидди дастаи футболи  «Керала Бластерс» нахустин голашро дар ин чемпионат ба ҳадаф  расонид.

Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Хотиррасон мешавем, ки   ин бозингари  бомаҳорати тоҷик дар дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Хуҷанд»-и  шаҳри Хуҷанд солҳои тӯлонӣ бозӣ кардааст.

Мавсуф ҳамчунин беҳтарин бозингари дастаи мунтахаби Тоҷикистон мебошад.

Февраль 22, 2021 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад