ФУТБОЛ. Маҳмадҷон Ҳабибуллоев сармураббии дастаи «Истаравшан» интихоб мегардад
ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассиси таҷрибадори тоҷик, собиқ сармураббии дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев бо дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан шартнома мебандад. Ин мураббии 55-сола масъулияти омода намудани дастаро ба мавсими нави футбол ба уҳда гирифтааст ва интизор меравад, ки ӯ расман 17 феврал ба шаҳри Истаравшан сафар намуда, дар қарордод имзо мегузорад.
Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Маҳмадҷон Ҳабибуллоев моҳи июли соли гузашта сармураббии дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ таъйин гардид ва моҳи феврали соли 2021 бо розигии ҷонибҳо шартнома бо дастаи ноҳияи Рӯдакӣ бекор карда шуд.
Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода таҳти роҳбарии Маҳмадҷон Ҳабибуллоев борҳо чемпиони Тоҷикистон гардидааст.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






