Хадамоти иҷро: соли 2020 иҷрои воқеӣ назар ба соли 2019 6% зиёд гардидааст
ДУШАНБЕ, 06.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои андешида сифати иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ беҳтар ва фоизи иҷро зиёд гардид,-зикр намуд Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода 5 феврал зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки соли 2020 фаъолияти иҷрочиёни Хадамот пурзӯр карда шуда, бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ иҷрои воқеии 36 299 ҳуҷҷати иҷро ё 75,8% ба маблағи зиёда аз 169,8 млн сомонӣ, 2,2 млн доллари амрикоӣ, 16 млн рубли Федератсияи Россия, 640 ҳазор суми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 4 ҳазор соми Ҷумҳурии Қирғизистон ва 497 рубли Ҷумҳурии Беларус таъмин гардидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2019 иҷрои воқеӣ 6% ба маблағи 43,8 млн сомонӣ, 1,3 млн доллари амрикоӣ ва 16 млн рубли Федератсияи Россия зиёд гардида, дар натиҷа зиёда аз 28 млн сомонӣ ба манфиати давлат рӯёнида шудааст.
Инчунин соли 2020 иҷрочиёни мақомоти иҷро бо анҷом додани амалҳои иҷрои маҷбурӣ вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ ба манфиати шахсони ҳуқуқӣ 801 ҳуҷҷати иҷроро ба маблағи умумии зиёда аз 137,8 млн сомонӣ, 2,2 млн доллари амрикоӣ ва 15,4 млн рубли Федератсияи Россия ва ба манфиати шахсони воқеӣ 4 932 адад ҳуҷҷатҳои иҷроро ба маблағи 6,3 млн сомонӣ, 54,2 ҳазор доллари амрикоӣ, 654 ҳазор рубли Федератсияи Россия, 640 ҳазор суми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 4 ҳазор соми Ҷумҳурии Қирғизистон ва 497 рубли Ҷумҳурии Беларус ба таври воқеӣ ба иҷро расониданд, ки нисбат ба соли 2019 91 адад ҳуҷҷати иҷро ба маблағи 57 млн 200 ҳазор сомонӣ, 1 млн 900 ҳазор доллари амрикоӣ ва 14 млн 800 ҳазор рубли Федератсияи Россия барзиёд мебошад.
Ба Хадамот дар соли сипаришуда 954 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои гуногуни ба истеҳсолоти иҷро алоқаманд ворид гардидаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 198 муроҷиат кам мебошад.
Дар бахши пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронии Хадамот, ки он бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил карда шудааст, айни ҳол 2 572 шахсони воқеӣ ва 130 шахсони ҳуқуқӣ ворид карда шуданд.
Бо дастрасии моддаи 421 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва риояи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, №260-3 «Дар бораи тартиби баҳисобгирӣ, пешбурди махзани маълумот, мубодилаи иттилоот ва назорат дар низоми «Идоракунии раводид ва сарҳад» ба махзани низоми ягонаи идоракунии сарҳад ва раводид ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 336 нафар қарздорон маҳдудият гузошта шуд, ки соли 2020 натиҷаҳои мусбати худро дод ва 6 нафар қарздорон дар сарҳадҳои кишвар дастгир гардида, маблағҳои қарзӣ аз ҷониби қарздорон пардохт гардиданд.








Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Чин мулоқот намуд
ЭҲТИЁТ-КАФИЛИ АМНИЯТ. Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи гази моеъ омили асосӣ барои ҳифзи ҷони инсон аст
Милитсияи шаҳри Душанбе беш аз 160 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандонро ошкор намуд
Дар Душанбе масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба хариду фурӯши одамон баррасӣ гардид
Ҳамкории милитсия ва соҳаи маорифи шаҳри Душанбе дар самти пешгирии ҷинояткории наврасону ҷавонон тақвият меёбад
ТАРМАФАРОӢ. Дар Тоҷикистон фаромадани тарма аз нимаи моҳи декабр то моҳи апрел дар назар аст
Соли 2026 дар Тоҷикистон ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ баргузор мегардад
Дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоати шаҳри Ҳисор масъалаи пешгирии ноболиғон аз ҷинояткорӣ баррасӣ карда шуд
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба масоили марбут ба амнияти давлат ҷаласа доир шуд
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти миллӣ вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ баррасӣ шуд






