ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН БОЯД ДАР БОРАИ ДАРОМАДҲОИ ХУД ТО 1 АПРЕЛ ҲИСОБОТ ДИҲАНД. Кумитаи андози ҷумҳурӣ тартиби пешниҳоди эъломияҳоро сода кард

Февраль 25, 2021 11:57

ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон, ки шумораи онҳо то имрӯз тақрибан 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, тибқи қонунгузорӣ вазифадоранд ҳар сол то аввали апрел ба мақомоти андоз дар бораи даромади солонаи худ ва манбаъҳои асосии онҳо ҳисобот диҳанд.

Хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон 17 сол пеш ба пешниҳоди эъломияҳо дар бораи даромадҳои худ шурӯъ карданд. Пештар дар эъломия дар бораи вазъияти амвол ба ҷуз аз амволи ғайриманқул ва мошинҳо, онҳо бояд шумораи ҳайвонот, парандаҳо, пасандозҳо, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳоро низ нишон медоданд.

Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта шакли нави эъломияҳо дар бораи даромадҳо ва амволи хизматчиёни давлатиро қабул ва онҳоро муваззаф кард, ки даромадҳо аз ҳисоби фаъолияти илмию эҷодӣ ва омӯзгорӣ, даромад аз амвол ва замини ба иҷора додашуда, даромад аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ, инчунин даромад аз пасандозҳои бонкӣ ва коғазҳои қиматнокро низ нишон диҳанд.

Бо мақсади осон кардани пешниҳоди эъломияҳо Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон чанде пеш барномаи махсуси компютериеро таҳия ва ба кор даровард, ки он имкон медиҳад эъломияҳо дар шакли электронӣ пешниҳод карда шаванд.

Дар сомонаи расмии идора гӯшаи «Кабинети шахсии андозсупоранда» мавҷуд аст, ки барои шахсони мансабдори Тоҷикистон тартиби пешниҳоди эъломияҳоро оид ба даромадҳо осон мекунад. Инчунин тамоми шаҳрвандоне, ки дар ин захираи интернетӣ сабти ном шудаанд, метавонанд аз ин манбаи иттилоотӣ барои ҷамъоварӣ ва интиқоли тамоми маълумот ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ мустақиман ба Кумитаи андоз истифода баранд.

Зикр шудааст, ки ҳамаи хадамоти минтақавии андоз бояд хизматчиёни давлатиро, ки эъломияҳои андоз аз даромадро дар шакли электронӣ то 1 апрели соле, ки пас аз ҳисоботӣ меояд, пешниҳод ва сабти ном кунанд. Ғайр аз ин, ҳама тоҷикистониён ҳангоми ворид шудан ба хизмати давлатӣ бояд сабти ном шаванд.

Идора хотиррасон кард, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ҳамаи хизматчиёни давлатӣ, инчунин шаҳрвандони кишвар, ки ба хизмати давлатӣ ворид мешаванд, вазифадоранд ин қоидаҳоро риоя кунанд. Дар айни ҳол нодурустии маълумоти дар эъломия пешниҳодшуда ё ба мақомоти андоз пешниҳод накардани эъломияи даромад метавонад сабаби аз кор озод кардан ё рад кардани қабул ба хизмати давлатӣ гардад.

 

АКСИ тасвирӣ

Февраль 25, 2021 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд