Имрӯз дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо дастаи миллии Урдун бозии дуюми дӯстона доир мекунад

Февраль 5, 2021 08:20

ДУШАНБЕ, 05.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев 4 феврал дар ҷамъомади таълимиву тамринии Дубай машқҳои ниҳоии худро баргузор кард. Имрӯз, 5 феврал, даста бозии дуввуми дӯстонаро бо дастаи миллии Урдун мегузаронад.

Тибқи иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон, қабл аз оғози омодагии пеш аз бозӣ, ҳамаи аъзои ҳайати дастаи миллии Тоҷикистон аз ташхиси нақшавии (реаксияи занҷирии полимеразӣ) барои коронавирус гузаронида шуданд, ки натиҷаҳо имрӯз маълум мешаванд.

Дар раванди тамрини дастаи мунтахаби Тоҷикистон 22 бозингар ширкат карданд.

Бозии дуюми дӯстона миёни дастаҳои миллии Урдун ва Тоҷикистон дар варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуда, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00-и Душанбе) оғоз мегардад.

Февраль 5, 2021 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад