Имрӯз маросими қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ – 2021 доир мешавад

Февраль 8, 2021 09:40

ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи футболи Тоҷикистон санаи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон — 2021-ро муайян кард. Ин маросим имрӯз, 8 феврал, соати 14:00 дар толори конфронсии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дастаҳои  футболи  «Эсхата-2» ва «Мастчоҳ» аз минтақаи Суғд, «Равшан» ва «Хатлон»  аз минтақаи Хатлон ва  «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ», «КМВА», «Барқчӣ» аз минтақаи Душанбе ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд. Тибқи низомномаи мусобиқа дастаҳо дар ду сабад ба тариқи зерин ҷой гирифтаанд:

 

Гурӯҳи «А»

«Истиқлол»

КМВА

«Мастчоҳ»

«Равшан» (Кӯлоб)

Гурӯҳи «Б»

«Регар-ТадАЗ»

«Барқчӣ»

«Эсхата-2»

«Хатлон»

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 дар  шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор баргузор мешавад.

Февраль 8, 2021 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд