ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СТОМАТОЛОГҲО. Бояд дандонро аз хурдсолӣ муоина ва муолиҷа кард

Февраль 9, 2021 09:02

ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 9 феврал дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии стоматологҳо ҷашн гирифта мешавад.  Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи стоматология хеле рушд ёфта, усулҳои нави дандонгузорӣ ва табобати дандон роҳандозӣ шудаанд, ки ба меъёрҳои ҷаҳонӣ наздик мебошанд. Дар баробари ин  рӯз аз рӯз зиёдшавии бемориҳои гуногуни дандон низ зиёд мушоҳида мегардад.

Вобаста ба сабабҳои асосии пайдоиши бемориҳои дандон устоди калони кафедраи стоматологияи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Саидшоҳ Таибов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин иброз дошт:

— Сабабҳои бемориҳои дандон- ин пеш аз ҳама, сари вақт тоза накардан ва ба духтурон муроҷиат накардани беморон мебошад. Омилҳои дигари беморӣ шикастани чормағз ва писта бо дандон мебошад, ки дар натиҷа ин боиси паридани сири дандон шуда, ба бемориҳои кариеси дандон оварда мерасонад.

Инсон дар як рӯз бояд ду маротиба: саҳар ва пеш аз хоб дандони худро шӯяд. Вақте ки инсон пеш аз хоб дандонҳои худро намешӯяд, боқимондаи хӯрокҳое, ки дар байни дандонҳо боқӣ мемонанд, бо таъсири бактерияҳои дар луоби даҳон мавҷуда ба кислотаи ширӣ табдил ёфта, боиси мулоим шудани сири дандон мегардад. Дар ин вақт агар бемор сари вақт дандони кариесиро табобат накунад, дар оянда он метавонад ба бемории пулпит мубаддал гардад. Пулпит беморие мебошад, ки дарди шадидеро ба вуҷуд оварда, дандон дар  гармиву хунукӣ эҳсоси дард пайдо мекунад. Агар бемории пулпит сари вақт табобат нашавад, он метавонад ба пародонтит  оварда расонад. Яъне, дар решаи дандон фасод пайдо шуда, табобати дандон дурудароз мегардад.

«Бояд гуфт, ки пешгирии бемориҳои дандон ҳанӯз аз батни модар оғоз меёбад. Модаре, ки ҳомиладор аст, ғизоҳои сервитамин ва калсийдорро  бояд зиёд истеъмол намояд. Зеро, вақте ки зан ҳомила мешавад, ҳамаи витаминҳои модарро кӯдак мегирад. Имрӯз ба назар мерасад, ки аксар модарони мо дар давраи ҳомиладорӣ ба ин чиз аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд ва оқибат ба бедандонӣ омада мерасанд. Дар вақти бе дандон мондан инсон боз ба чандин бемориҳои дигар, ба монанди гастрит  ва бемориҳои   рӯдаю меъда, ки ба даҳон вобастагӣ доранд, гирифтор мешавад. Беҳуда Сино нагуфтааст, ки «даҳон оинаи узвҳои дохилии инсон аст». Аз ин рӯ лазим меояд, ки барои пешгирии ҳар гуна бемориҳои дандон бояд аз батни модар тамоми чораҳои зарурӣ андешида шаванд»,- гуфт Саидшоҳ Таибов.

Бояд гуфт, ки аз соли 2008 инҷониб дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маркази таълимии илмӣ-клиникии стоматология таъсис ёфта,  донишҷӯён дар ин марказ ҳам дарс меомӯзанд ва ҳам ба корҳои амалӣ машғул мешаванд.

Тавре директори Маркази таълимии  илмӣ-клиники стоматологии  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб Исломиддин Одинаев зикр намуд, ҳоло маркази мазкур бо дастгоҳҳои муосири ташхисию табобатӣ ва таълимию илмӣ фароҳам мебошад. Ба инҷо аз ҷониби Лоиҳаи грантии рушди таҳсилоти олӣ  ва TajikAid (Барномаи ортодонтия, Германия) барои донишҷӯён ва табобати беморон 11 дастгоҳи замонавии стоматологӣ ворид карда шудааст.

«Дар Маркази таълимию  клиникии «Стоматология» дар баробари илм омӯхтан ба донишҷӯён, инчунин кумаки баландихтисоси стоматологӣ ба аҳолӣ расонида мешавад. Дар ин давра аз тарафи кормандони марказ ба 1498 нафар беморон кумаки тахассусии стоматологӣ расонида шудааст»,- мегӯяд  Исломиддин Одинаев.

Ба андешаи духтур-стомотолог Нуъмон Назаров,  аксари  беморон то ба дарди дандон  гирифтор нашаванд ё ягон мушкилӣ дар ин самт пеш наояд, ба духтур муроҷиат намекунанд.

«Бояд дандонро дар синни хурдсолӣ муоина ва муолиҷа кард. Бояд аз хурдсолӣ кӯдак духтури худро дошта бошад. Дар ин вақт духтур ҳамаи мушкилоти кӯдакро аз хурдсолӣ дар ин самт медонад ва  метавонад сари вақт он мушкилиро бартараф кунад»,- гуфт Нуъмон Назаров.

«Бояд ҳар нафар дар як сол ду маротиба ҳатман аз муоинаи дандонпизишк гузарад. Вале. мутаассифона, бештари мардум ин қоидаро фаромӯш мекунанд. Ҳолатҳое ба чашм мерасанд, ки одамон ҳатто ду маротиба шустани дандонҳояшонро фаромӯш мекунанд. Дар бештари оилаҳо як дандоншӯякро чанд нафар истифода мекунанд, ки ин аз рӯи қоидаҳои беҳдоштӣ буда наметавонад. Аз ин рӯ ҳамчун мутахассиси соҳаи стомотология тавсия медиҳам, ки ҳар шахс бояд дар як моҳ як маротиба чӯткаи  дандоншӯияшро иваз кунад. Нафароне, ки тамоку мекашанд, бояд бештар ба дандонпизишкон муроҷиат намоянд, то қабати зарди дандонҳоро сари вақт тоза намоянд ва он ба санги дандон мубаддал нагардад»,- афзуд Н. Назаров.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2021 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории илмии Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши корҳои эҷодии магистрантон ифтитоҳ шуд
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Ҷопон бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор мегарданд
НИГОҲЕ БА САНЪАТИ МУСИҚӢ. Ҳамоиши илмию адабӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
То ҷашни Наврӯз муассисаҳои фарҳангии таъмирталаби шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навсозӣ мешаванд
Дар Душанбе оид ба назария ва амалияи санъат ва дизайн конференсия доир шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Волидон ва омӯзгорони ғолибони озмун бо нишони «Аълочии маориф ва илм» ва «Маърифатпарвар» сарфароз гардонида шуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфи соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид
Соли 2025 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин баргузор мегарданд
Ҳунармандони Беларус дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд