Маҳмадсаид Зувайдзода: «Таҳияи нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон пурра ба анҷом расидааст»
ДУШАНБЕ, 05.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҳияи нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон пурра ба анҷом расонида шуда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе баён дошт. Зикр шуд, ки ҳамзамон таҳияи лоиҳаи Нақшаи генералии ноҳияи Данғара ба итмом расида, дар мувофиқасозӣ қарор дорад.
Маҳмадсаид Зувайдзода зикр намуд, ки дар соли сипаригардида дар асоси нақшаи корӣ мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани назорати ҳолати риоя ва татбиқи амалӣ намудани нақшаҳои генералӣ ба шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Файзобод, Нуробод, Сангвор, Лахш, Данғара, Ёвон, Темурмалик, Балҷувон, Шамсиддини Шоҳин, Ховалинг, Фархор, Кӯлоб, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, А Ҷомӣ, Леваканд, Бохтар, Ҷайҳун, Хоруғ, Шуғнон, Рӯшон, Мурғоб, Айнӣ, Шаҳристон, Деваштич, Панҷакент, Истаравшан, Зарафобод, Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва Конибодом сафарбар гардиданд. Мутахассисони Кумита ҳолати воқеиро дар маҳал мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор дода, аз натиҷаи санҷиш барои ислоҳи камбудиҳо ба мақомоти шаҳру ноҳияҳои ба санҷиш фаро гирифташуда мактуби расмӣ фиристониданд. Дар иртибот ба натиҷаи ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта аз сӯи мақомоти марбута ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати мамлакат маълумот ироа гардид.
Бо дахли баланд бардоштани сифати лоиҳаҳо ва санъати меъморӣ Маҳмадсаид Зувайдзода изҳор дошт, ки дар ин самт Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии пешакии лоиҳаи биноҳои маъмурӣ, ҷамъиятӣ ва истиқоматӣ таъсис дода шуда, барои дуруст ба роҳ мондани ҷойгиршавии биноҳо ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ будани тарҳ ва намои биноҳо хулосабарорӣ намуда, ба лоиҳакашон тавсияҳои зарурӣ медиҳад. Дар ин давра 41 ҷаласаи Комиссия баргузор гардида, дар маҷмӯъ 371 лоиҳаҳои ангоравӣ ва корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбат ба ҳар лоиҳа таклифу пешниҳодҳо ирсол гардиданд. Аз 371 лоиҳаи баррасигардида 267-тои он бо таклифу пешниҳодҳои зарурӣ ва бо инобати он дар лоиҳаҳои корӣ қобили қабул ҳисобида шуда, барои пешниҳод ба Раёсати экспертиза тавсия дода шуд.
104 лоиҳаи дигар бо назардошти ба талабот ҷавобгӯ набудани сифати ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида, тарҳ ва намои бинову иншоот ва зарурати пешниҳоди иловагӣ барои такмил ва тасҳеҳи минбаъда баргардонида шуданд.








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






