«Made in Tajikistan»: кадом маҳсулоти ватанӣ метавонад бозорҳои ҷаҳониро фарогир бошад
ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон стандарти сифати зардолу ва гелоси тару тоза коркард шудааст. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» менависад, дар ин бора 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») изҳор намуданд.
Хабар дода шуд, ки стандарт (сифат ва сертификатсия) барои гелосҳои тоҷикии «Гелос –FFV-13» ва зардолу («Зардолуи тару тоза») коркард шудааст. Мутахассисони агентӣ ба нақша гирифтаанд, ки моҳи марти соли равон сертификатсиякунонии сифати ин меваҳоро бо ҳамтоёнашон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни конфронси видеоӣ муҳокима намоянд. Ҳадаф аз ин кор танзими бидуни мамонияти содироти ин меваҳо ба давлатҳои гуногун, ба шумули кишварҳои Аврупо ва Осиё мебошад.
Инчунин дар Агентӣ ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки корҳои ҳамсон ҷиҳати коркарди стандарт барои ангур ва асали тоҷикӣ, ки сифати баланд доранд ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд, идома доранд.
Аз «Тоҷикстандарт» хабар доданд, ки пештар стандарти сифат ва сертификатсияи меваҳои хушки тоҷикӣ — лимӯ, хурмо ва чормағз мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ коркард ва ҳифз шуда буд. Коркард ва ҳифзи стандарти меваҳои хушк 4 сол тӯл кашид. Сертификати меваҳои хушки Тоҷикистон дар Женева (Швейтсария) ҳифз карда шуд, бинобар ин маҳсулотро ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо содир намудан мумкин аст.
«Акнун ин стандарт имкон медиҳад, ки содироти бидуни мамониати меваҳои хушки Тоҷикистон ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла кишварҳои Аврупо ташкил карда шавад. Ғайр аз ин, истеҳсолкунандагони Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ метавонанд аз ин стандарт истифода баранд ва маҳсулоти худро содир кунанд», — илова карданд дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Тоҷикистон.
Харидори асосии зардолу, гелос, лимӯ ва меваҳои хушки тоҷикӣ Россия мебошад.
Маҳсулоти Тоҷикистон дорои сифати баланд, маззаи хуб буда, ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд. Тавре АМИТ «Ховар» пештар хабар дода буд, содироти маҳсулоте, ки дар кишвари мо таҳти бренди «Made in Tajikistan» истеҳсол мешавад, афзоиш меёбад ва он ба бозорҳои ҷаҳонӣ торафт бештар бароварда мешавад. Далел он аст, ки чанде пеш бори аввал дар таърихи саноати хӯроквории кишвар маҳсулоти консервшудаи «Пиёзи анзур» ва «Ғӯраоб» (афшураи ангури нопухта) — ба ИМА, меваи хушки «Тут» — ба Туркия, нӯшокии «Хуч ва «Зардолу» — ба Литва, обҳои минералӣ ва нӯшокии «Хаватаг», «Оби Зулол» ва «Сиёма» — ба Озарбойҷон ва Аморати Муттаҳидаи Араб содир карда шуданд. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 480 корхона ба истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ машғуланд, ки дар онҳо беш аз даҳ ҳазор мутахассис кор мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки стандартҳои сифати маҳсулоти ғизоӣ бо мақсади таъмини амнияти ҳадди ниҳоят баланди истеъмолкунандагон коркард мешаванд. Ин стандартҳо бояд бо таҳқиқот ва далелҳои илмӣ асоснок шуда бошанд. Онҳо барои ҳама истеҳсолкунандагон, таъминкунандагон ва фурӯшандагони маҳсулоти хӯрокворӣ ҳатмӣ мебошанд. Маҳз ҳамин яке аз омилҳои асосие мебошад, ки ба паҳн ва татбиқи системаҳои сифати амнияти ғизоӣ равона мебошад.
АКСҲО аз бойгонӣ









Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






